Дар як сатр
» » «Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

8-01-2015, 19:30

«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад7-уми январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории таҳияи «Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» баргузор гардид.

Ин гурӯҳи корӣ бо амри раиси вилояти Хатлон таъсис дода шуда, кори ҷаласаро Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоят, раҳбарӣ кард. Ба иттилои Барот Бойматов, мудири шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии дастгоҳи раиси вилоят, дар кори ҷаласаи мазкур Парвиз Рашидов, намояндаи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо»-и Барномаи рушди СММ ва Марян Мраз, коршиноси байналмилалӣ оид ба таҳияи барномаҳои рушди савдо, ширкат варзиданд.

Иштирокдорони ҷаласа ба мувофиқа расиданд, ки дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар моҳи феврал маълумоти зарурии оид ба таҳияи барнома гирдоваришуда мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. «Лоиҳаи «Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» бо кӯмаку дастгирии коршиносони байналмилалии маҳаллӣ моҳи майи имсол омода ва барои тасдиқ ба мақомоти дахлдор пешниҳод мешавад», - зикр кард Б. Бойматов.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои  СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, АМОН МАҲКАМОВ
Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо