Дар як сатр
» » Ёде аз Аброр Зоҳир

Ёде аз Аброр Зоҳир

10-02-2017, 09:33

Ёде аз Аброр Зоҳир


Ман ҳамчун муаллифи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилии телевизиони Тоҷикистон замоне бо нависандаи ҷавон ва айни замон маъруф Аброр Зоҳир (15.01.1965 - 22.11.2015) шинос шудам, ки номбурда директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон буд. Қабл аз ҳар барнома ва пас аз анҷоми он бо роҳбари телевизион ҳамсуҳбат мешудам ва барои худ ҳар дафъа як чизи нав кашф мекардам. Ҳар маслиҳату тавсияе, ки ӯ медод, воқеан ҳам, боиси комёбӣ ва ҷалби доираи бештари тамошобинони барномаи таҳиякардаи мо мешуд. Аз ҷиҳати сиёсӣ ва идеологӣ шахсияти комил буданашро дарк мекардам ва аз ин сабаб эҳтирому эътиқодам ба ӯ бештар мешуд.

Бо амри тақдир ва бо тавсияи маҳз ӯ, ки ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, то маро ба ҳайси сардори раёсати робитаҳои байналмилалии кумита таъин кунанд. Замоне дар ин самт кор кардам. Ҳамзамон дар телевизион ба таҳияи барномаи сиёсию таҳлилӣ машғул мешудам. Маҳз ӯ фурсат дод, то аҳли эҷоди телевизион мустақилона ба амалӣ намудани нақшаҳои эҷодӣ даст бизананд. Маҳз дар ин давра журналистони телевизион ташвиқ ва соҳибобрӯю соҳибмақом мешуданд. Телевизиони Тоҷикистон он замон ҳамчун ягона шабакаи телевизионии умумиҷумҳуриявӣ пас аз воқеаҳои нангин дар байни омма маҳбубият пайдо карда, барои ташаккули тафаккури миллӣ, ваҳдати миллӣ ва меҳандӯстӣ мусоидат мекард. Ман, шахсан, аз шиносоӣ бо чунин шахсият ифтихор мекардам ва ӯро устод ном мебурдам. Теъдоди ашхосе, ки ӯро устод ном мебурданд кам набуд ва кам намешуд. Ҳар ҷое кор кардааст, бо ҷиддият ва серталабӣ пайи иҷрои вазифаҳои худ софдилона заҳмат кашидааст ва бо эҳтиром ва иззати хос миёни аҳли кормандон ном баровардааст. Устод шахси эҷодгар буд, офаридгори асарҳои зиёди ҷолибу хонданӣ ва мондагор буданд. Дар тамоми жанрҳои адабӣ неруи қаламашро санҷида ва асарҳои мукаммалу дархӯри ҳама давру замонҳоро офаридааст. Ҳикояву гротеску памфлет, пиесаю киносенария, повесту романҳояш зиёданд.

Фаъолияти эҷодии шодравон Аброр Зоҳир пурғановат ва гуногунпаҳлу буда, маҳдуд ба як мавзӯъ ё бахш нестанд ва ҷаҳонбинии миллиро таҷассумгар мебошанд. Дар интихоби мавзӯъ низ мушкилие намедид ва хеле озод ва равон менавишт. Асарҳои ӯ орӣ аз мураккабгуфторӣ буда, хонандаро ба худ ҷалб мекард ва саршор аз маърифати баланди инсонӣ, ҷанбаъҳои ахлоқӣ мебошанд. Устод дар эҷодиёташ аслан, ба дунёи ботинии қаҳрамонҳо ворид шуда, бо сабку салиқаи бемонанд онро рӯи сафҳа меовард.

Мавсуф аз сермаҳсултарин адибони муосир ба шумор мерафтанд. Дар ин маврид, рӯзноманигоре дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» навишта буд, ки Аброр Зоҳир ба хонандаи эҷодиёташ тақрибан ҳар семоҳа як асари нави ҷолибу хонданӣ пешниҳод мекунад ва воқеан ҳам, ин андеша ҳақиқат дорад. Асарҳои чопии устодро дар ихтиёр дорам ва онҳоро бо шавқу ҳавсалаи том такрор ба такрор мутолиа мекунам. Рангинхаёл, нав-пардоз ва сермаҳсул будани устод шак надорад. Аммо барои ман ва дигар дӯстон шунидани хабар дар бораи вафоти ин шахсияти маъруф хеле сангин ва таҳаммулнопазир буд. Аз мариз будани устод воқиф будем, хеле азият кашиданд, аммо умед доштанд, ки шифо меёбанд ва пайи амалӣ намудани нақшаҳои эҷодӣ мешаванд. Ҳатто ба ин бовар гумон надоштем, ки дар синни камолоти эҷодӣ ва шуҳрату обрӯ устод моро абадан тарк мегӯяд.

... 9 январи соли 2015 яке аз ҷаласаҳои бунёди «Гуфтугӯи тамаддунҳо», ки роҳбариашро устод Иброҳим Усмонов ба зимма доранд, ба мавзӯи «Воқеияти ҳаёт ва воқеияти бадеӣ» бахшида шуда буд. Устод Иброҳим Усмонов дар оғози ҷаласа мухтасар доир ба адабиёти замони гузашта ва муосир маълумот дода, инчунин, андешаҳои худро доир ба эҷодиёти Аброр Зоҳир чунин баён доштанд: «Аз нигоҳи ман яке аз сермаҳсултарин ва беҳтарин намояндагони адабиёти замони соҳибистиқлолӣ Аброр Зоҳир ба шумор меравад, зеро эҷодиёти ӯ мавзӯъҳои барои адабиёти тоҷик навро дар бар мегирад».

Дигар иштирокдорони ҷаласа доир ба мавзӯи матраҳ изҳори андеша намуда, қайд намуданд, ки шоир ва нависандагони муосири тоҷик дар эҷодиёти худ ба фалсафаи сиёсати муосир кам таваҷҷуҳ менамоянд. Вале Аброр Зоҳир фурсат ёфта дар эҷодиёташ воқеияти муосир ва фазои сиёсии замони худро ҷой додааст.
Эҷодиёти Аброр Зоҳир саршор аз фалсафаи сиёсӣ аст, ки мислаш дар адабиёти замони Шӯравӣ низ дида намешавад. Дар ин маврид шарт нест, ки ягон асари устодро дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем. Дар кулли эҷодиёти ӯ масоили сиёсӣ, воқеияти сиёсати замон баррасӣ мешавад. Чунончи, романҳои «Ёри ғор» вазъи сиёсӣ ва маънавии замони Носири Хусрав, «Мунтасир» вазъи сиёсии замони заволёбии ҳукмронии хонадони сомониён, «Шикасти зулмот» вазъи сиёсию маънавии замони зиндагонии Абӯрайҳони Берунӣ, «Ҷилои ҷоми Ҷомӣ» шахсият ва вазъи сиёсию фарҳангии замони Абдураҳмони Ҷомӣ, «Васваса» (номи дигараш «Нӯхтаи нафс») ҳолати сиёсию иҷтимоиёти замони қабл аз инқилоби сотсиалистии октябр, «Коммунист», «Муқовимат», «Хокпайванд» вазъи сиёсию маънавии замонҳои инқилоби сотсиалистии октябр, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, рукути сохти Шӯравиро дар бар мегиранд. Ҳамин тавр, пайи ҳам давраҳои гуногуни таърихӣ, баъд дар романҳои «Майдон», «Душанбе», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Дар ҷилди одам», «Охирин сайди сайёд», «Қасидаи зери теғ» тасвир меёбад.

Устод Аброр Зоҳир дар ин асарҳо воқеияти давру замонҳои гуногунро дар ҷомаи бадеият ва бо сабку услуби хоси нависандагии худ рӯи варақ меорад. ӯ кӯшидааст суханони обшуста, қолабӣ ва такроргуфторӣ ба асарҳояш роҳ наёбанд ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанд. Дар бештар аз 20 роман ва 13 повести чопкардааш устод ҳатман ба фалсафаи сиёсӣ рӯй меорад ва сиёсати замон воқеънигорӣ мешавад. Ҳамаи ин зарфияту комёбиҳо дар эҷодиёти устод тасодуфан роҳ наёфтаанд, зеро ӯ дорои дониши баланди сиёсӣ, ҷаҳонбинии фарох, диди хос ва озодандеш буданд. Аз таърих огоҳии том доштанд, ба воқеаҳо аз диди хоси худ баҳо мегузоштанд, шахси миллатдӯст, ватанхоҳ буданд. Чизи дигар яқин аст, ҳар як асари офаридаи ӯ аз якдигар аз рӯи мавзӯю муҳтаво, услуби нигориш мутафовит буда, як паҳлуи зарфияту имконияти адибро ифшо менамояд.

ӯ барои адабиёти миллии тоҷик дурри бебаҳо буд. Реҳлати ӯ барои адабиёт ва миллати мо талафоти ҷуброннопазир аст. Бештар аз як сол шуд, ки бо мо нестанд, аммо ҳамеша дар дилу дидаи мо боқӣ мемонад.

Алишер ИДИЗОДА,
журналист, шореҳи масоили
сиёсӣ ва иҷтимоӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Маориф ва илм