Дар як сатр
» » Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

9-02-2017, 14:38

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи  барқ

Пайдост, ки ҳам корхонаю муассисаҳо ва ҳам аҳолӣ ба истифодаи қувваи барқ ниёзи доимӣ доранд. Мо - кормандону мутахассисони соҳаи барқ вазифадорем, ки оид ба пешбурди корамон масъулияти ҳамарӯза дошта бошем. Ман ҳамчун сардори шабакаҳои барқ бо боварии комил гуфта метавонам, ки аз уҳдаи корамон дар соли гузашта ба хубӣ баромадем, зеро медонем ва доиман эҳсос мекунем, ки кори мунтазаму муътадили муассисаву корхонаҳо, зиндагии бароҳати аҳолӣ ба заҳмати мо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, доиман мекӯшем, ки сифати хизматрасониро ба таври ҳамешагӣ бештару беҳтар гардонем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар суханрониашон таъкид месозанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар кӯшиши он аст, ки иқтидори энергетикии мамлакатро пайваста баланд бардорад. Аз сохтмони неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2" бо ҳамин мақсад аст. Сохтмони неругоҳи барқии Роғун низ бо ҳамин ният ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар баробари густариш додани иҷрои корҳои асосӣ дар ин самт, бо мақсади паст намудани талафоти неруи барқ баҳисобгирии истифодаи онро дақиқ ва қатъӣ назорат намоянд.

Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд”.

Бале, шумораи аҳолӣ торафт меафзояд. Ин моро водор месозад, ки ба кори ҳаррӯзаамон боз ҷиддитар машғул шавем. Воқеан, дар 12 моҳи соли гузашта ба хоҷагии халқи ноҳия 94081986 киловат-соат барқ интиқол дода шудааст, ки 6575134 сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, аз аҳолӣ 62,3 фоизро дар бар мегирад. Маълум аст, ки дарахтон вақте аз ҳад зиёд қад мекашанд, ба сими барқ халал мерасонанд. Бо ин мақсад шохи дарахтони 17790 қитъа заминро буридем. 14,9 километр симҳоро васл ва ҷудо намудем. 96 адад трансформатор таъмири ҷорӣ карда шуд. Ду километр симчӯбҳои хосияташон гумшударо иваз намудем, 14 км симҳо васл ва ҷудо карда шуд. 75 адад ҷудокунакҳои шиддаташон баландро иваз кардем. Ба трансформаторҳо 1632 литр равғани зарурӣ илова карда шуд.

Ният дорем, ки соли равон низ хизматрасониро ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба корхонаю муассисаҳо беҳтар созем. Аз ин рӯ, бо онҳо робитаи доимӣ дорем.

Азиз ДОСТИЕВ,
сардори шабакаҳои
барқи ноҳияи Вахш



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Лимити барқ муваққатист

Лимити барқ муваққатист

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Лимит лағв мешавад

Лимит лағв мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастури

Дастури "Барқи тоҷик" барои 12 соат додани барқ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА