Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Одоби ҳамсоядориро риоя кунем


Одоби ҳамсоядориро риоя кунем



Садои тиру туфанг, қурбон шудани одамон ҳеҷ як фарди солимфикрро бетараф намегузорад. Ба қавле, “Чу узве ба дард оварад рӯзгор”, мусибат дар кишвари дигаре бошад ҳам, инсонро ба ҳамдардӣ водор мекунад. Тақдири одамон, умри инсонӣ қадр дорад ва онро ҳифз кардан аз эҳсоси одамият бармеояд.

Ҳамаи мо, чанде пеш, аз тазоҳуроту нобасомониҳо дар кишвари ба мо дӯстҚазоқистон мутаассир будем. Намехостем, ки тақдири талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии мо он ҷо такрор ёбад. Хушбахтона, пеши роҳи ин фоҷиа гирифта шуд. Аммо воқеаҳои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рухдода ҳар як фардро боз ба ташвиш оварданд. Он гӯё дардест, ки пас аз табобат боз хуруҷ мекунаду қалбро реш-реш мегардонад. Афсӯс, ки дар ин лаҳзаҳо дар бораи рафоқат, вафодорӣ ва эҳтироми якдигар гуфта наметавонем.

Ҷойи онро таассуф, нобоварӣ ва ҳатто кинаву қасос мегирад. Бо амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи дасисакор, ки ба иродаи як халқи дӯсту ҳамсоя латма мезанад, хулоса кардан иштибоҳ бошад, чунки ягон халқ хостори ҷанг, муноқиша ва қурбон шудани одамони бегуноҳ нест. Танҳо онҳое, ки мехоҳанд сиёсат ва ҳокимияташонро нишон диҳанд, сарбозону сокинони осоиштаро суйистифода мекунанд. Марзбонон аз рӯйи рисолати худ танҳо барои ҳифзи марзу буми давлат, амнияти мардум хизмат мекунанд.

Ба кишвари ҳамсоя тир кушодан, сабабгори марги одамон шудан на дар савганди ҳарбӣ ҳасту на аз одоби инсонпарварӣ. Ин тухми нифоқ коштанҳои иғвогарон дар байни ҳамсоягон ба ҳар ду давлат ҳам манфиате намедиҳад. Ҳар яки мо Ватани худро дӯст медорем, ҳамватанонамонро ҷонибдорӣ мекунем. Аммо эҳтироми соҳибихтиёрии давлати дигар, андеша барои ояндаи муносибатҳо бо ҳамсоякишвар ҳушдор медиҳад, ки тафаккури солим дошта бошем. Муҳим аст, ки ғурури миллӣ барои кори сулҳу оштӣ, бародарию ҳамкорӣ хизмат намояд.

Дарки он, ки тинҷию амонӣ дар давлате ба ҳамсоягон ҳам таъсир мекунад, баҳс надорад. Аммо нооромию муноқиша хавфу нобоварӣ ба бор меоранд. Дар замони муосир, ки аз бемории сироятии КОВИД-19 ва омикрон миллионҳо нафар азият мекашанду ҳазорҳо одамон мефавтанд, барои талош ҷой нест. Ҳаёти инсонро қурбонии ҳадафҳои сиёсӣ намудан беинсофист. Тиркушоии қирғизҳо ба сӯйи мошини ёрии таъҷилии тиббӣ дар Ворух амали ноҷавонмардона ва ғайрибашарӣ аст. Ҳатто дар майдонҳои ҷанги ошкоро низ мошинҳои наҷотбахш мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор дода намешаванд.

Тирпарронии ҷониби Қирғизистон ба сӯйи мошини ёрии таъҷилӣ, ки боиси марги муфоҷои ҳамватани мо гардид, нақзи дағалонаи Конвенсияи Женева, меъёрҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аст. Мо чунин амалкардҳои кӯтоҳназаронаро дар хатти сарҳад маҳкум мекунем. Ворух марзи номус аст! Аз идора. Матни ин муроҷиатнома бо забони русӣ низ дар сомонаи рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода