Дар як сатр
» » Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

8-02-2017, 19:25

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона


Дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ намоиш ва фурӯши асарҳои рассомони вилояти Хатлон баргузор гардид.

Сараввал, меҳмонон аз мусаввараҳои эҷоднамудаи рассомони шинохтаи вилоят ва намоиши рассомони ҷавон дидан намуда, ба мусаввараҳои офаридаи онҳо баҳои баланд доданд.

Баъд аз баргузории намоиши рассомон Гулистон Пиракова, директори муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятӣ ба номи «Авасто», оид ба дастовардҳои осорхона иброз намуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани ватани азизамон санъати рассомӣ сол аз сол рушд намуда, аз ҷониби рассомони номдор имрӯз нозукиҳои ҳунари рассомиро ба ҷавонони вилоят омӯзонда истодаанд.

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, афзуд, ки ба намоиш гузошта шудани мусаввараҳо дар намоишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар, ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як шахси худшиносу худогоҳ аст. Зеро ҳар як расме, ки мо мебинем, ин фақат як мусаввара не, балки як маъниро дорад.

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона
«Он манзараҳои зебое, ки имрӯз мо дидем ва дар асарҳои рассомони мо тасвир ёфтаанд, ин пеш аз ҳама, инъикоси зебоии диёр аст. Маҳз, рассомон имрӯз рушди ҷомеаи моро дарк мекунанд. Аз ин рӯ, мусаввараҳои рассомон яке аз василаҳои беҳтарини тарғиби инсоният ҳастанд», - афзуд М. Хидирзода.

- Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳудуди вилоят имрӯз 29 мактаби санъат ва 1 мактаби рассомӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунанд, - зикр кард Бурҳониддин Раҷабов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон. - Дар мактабҳои санъат ҳамчунин шуъбаҳои рассомӣ фаъ-олият доранд. Ин, пеш аз ҳама, як заминаи мусоидро барои тарбияи насли наврас ва баҳри дар оянда рушду нумӯъ бахшидани ин соҳа фароҳам меоварад.
Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона
Дар охир, ба беҳтарин рассомони ҷавон Хатича Раҷабова, Назира Шарипова ва Нуриддин Эргашов ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«5 эҳсос…»-и Марям

«5 эҳсос…»-и Марям

Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА