Дар як сатр
» » Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

6-02-2017, 09:06

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан


Вақте аз саргузашти мардуми азиятдидаи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сухан мегӯем, мақсад ҳаргиз дубора рӯ занонидани ҳиссиёти манфии мардум нест, балки сабақомӯзии наслҳои имрӯзӣ аз хатоҳо ва дарки даҳшати он даргириҳост, то аз эҳтимоли такрори он ҷанги мудҳиши таҳмилӣ ҷилавгирӣ шавад.

Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷойҳои харобгашта ҳама барқарор, зиндагии мардум тинҷу осоишта, зеро имрӯз ҳама бе ягон тарсу ҳарос сар ба болин мегузоранд. Вале, доғи ҷанг ҳанӯз аз дилҳо зудуда нашудааст. Қадри Ваҳдати миллиро ҳамоне медонад, ки барои расидан ба он саҳми хешро расонида бошад.

Ҳ. Ниёзов, сокини ноҳияи Вахш, нафарест, ки бо чашми худ ваҳшонияти ҷангро аз сар гузаронидааст ва ҷасади мардумонро сарҷамъ намуда, бо падару бародаронаш мегӯронидааст. Ӯ имрӯз шукрона аз он мекунад, ки шоҳиди Ваҳдати миллӣ ва замони сулҳу осоишта гардидааст.

- Дар он давра мардумро бераҳмона қатл мекарданд, гирду атрофи хонаҳо пур аз хун ва мурда буд, - ба ёд меорад даҳшати ҷангро Ҳ. Ниёзов. -Садои тиру туфанг ва гиряи мардум хомӯш намешуд. Мардум ҳама дар ларза буд, ки як нафаси дигар мекашем ё на. Инсонҳое, ки кушта мешуданд, аз чеҳраашон шинохта намешуд. Мардумро бо ситам бинӣ, даст, гӯш ва пойяшонро бурида мепартофтаанд, - зикр кард Ҳ. Ниёзов. - Вақте ки бегоҳ мешуд, ҳамроҳи падарам аз гирду атрофи деҳа мардуми мурдаро гирифта чанд нафарро якҷоя дар як ҷойи муайян канда мегӯронидем. Баъзан вақти мусоид намеёфтем, мурдаҳо буй мегирифт....

- Дар хона нишаста будам, ки банохост аз ҳавлӣ садои тир баромад, - ёд меорад Ҳ.Ниёзов. - Зуд аз хона берун шуда дидам, ки як нафар дар даст яроқ дошт ва бо таҳдид гуфт: «…Муаллим, ҳеҷ чиз нагуфтем, аз ҳад гузаронидӣ. Баъди соати 2 дар назди чорраҳаи боло мо шуморо интизорем…». Пас аз шунидани ин сухан тайёрӣ дида бо падару модар, бародару хоҳар хайру хуш намудам, ки дигар бозгашт надорам.

- Ҳар нафареро, ки даъват мекарданду ба ҷойи гуфтаашон намерафт, омада аҳли хонаводаашонро мекуштанд. Барои ҳамин ба ҷойи гуфтаашон рафтам. Як гурӯҳ мардон сарҷамъ истодаанд. Ногоҳ аз байни онҳо як шогирдам маро дидан замон шинохта, гуфт: «Ба устод чӣ кор доред»? Онҳо гуфтанд, ки дар хонааш «душманон»-ро пинҳон мекардааст. Шогирдам бо яроқбадастон чӣ маслиҳате кард, ки ҷавобам доданд. Лекин таҳдидам карданд. Гуфтанд, ки агар ин амалат бори дигар такрор шавад, аз худат хафа шав! Гӯё ҷони маро харид шогирдам. Ҳатто умед надоштам, ки аз дасти онҳо зинда ба хона бармегардам…».

Якдигарнофаҳмӣ аз маҳалгароӣ оғоз шуда буд. Дар ин нобасомониҳо ҳазорон оилаҳо бесаробон монданд, волидайнашон бо дилҳои реш дар ёди писарону бародарон, падарону шавҳарҳои дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳалокгардидаи худ мебошанд.

Ҳ. Ниёзов мегӯяд, ки он вақт одамон ба ҳама азоб тоқат карда, барои хушбахтии имрӯзаи онҳо ҷоннисорӣ кардаанд. «Сулҳу субот, айёми созандагӣ, рӯзҳои нек фаро расиданд, ҳама аз пайи зиндагӣ ва ободкорианд. Баъди вазъ ба эътидол омадан маҳз бо кӯшишу талошҳои Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон алангаи ҷанг хомӯш гардид, гурезаҳо якғяк, гурӯҳ-гурӯҳ ба макони зист баргардонида шуданд»,- меафзояд номбурда.

Аз сарнавишти талхи миллати тоҷик, дар он айём ҳама огоҳанд. Зеро ин таърих аст. Он барои насли оянда, махсусан мардуми диловару шуҷоатманди мо аз аҳамият холӣ нест. Ҳар қадар таърихи миллату меҳанро хуб бидонем, ҳамон андоза ба қадру манзалати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ мерасем.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД