Дар як сатр
» » Ғоиб Сафарзода: «Мо роҳгузарему дар сафар мегузарем»

Ғоиб Сафарзода: «Мо роҳгузарему дар сафар мегузарем»

6-02-2017, 08:48

Ғоиб Сафарзода: «Мо роҳгузарему дар сафар мегузарем»

Ғоиб Сафарзода. Ин ном солҳои шастум ва аввали солҳои ҳафтодуми садаи гузашта дар сафҳаи рӯзномаю маҷаллаҳо хеле зиёд ба чашм мерасид. Ҳамчун шоир ва рӯзноманигори варзида маводҳои батабърасондааш диққати ҳазорон хонандаро ба худ ҷалб менамуд. Ба масоили гуногуни давр даст мезад. Хосатан масъалаи тозагии забон, ҳусни баён, эҳтирому эътирофи забони ноби тоҷикӣ, номгузории корхона, маҳаллу навоҳӣ бо забони тоҷикӣ ва зинда гардонидани бузургони гузаштаамон, ватану ватандӯстӣ, ваҳдату рафоқат аз мавзӯъҳои асосии навиштаҳои ин шоири тавоно ва рӯзноманигори нотарсу ҷасур ба шумор мерафтанд.

Қалами бурро ва ҳақталошиаш борҳо ӯро азият доданд. Аниқтараш аз наштару заҳрзании ҳасудону роҳбарони давр азияту ранҷҳо кашид. Дарди миллат дарди ӯ буд ва барои миллат, барои Тоҷикистони азизаш бетарс, ҷасурона менавишт.

Бачаи деҳотӣ аз деҳа фирор кард. На аз пеши хешу табор ва ҳамсояҳои дӯстдораш, балки аз ранҷу азияти хоҷагидорон, роҳбарони колхози ҳамонвақта. Баъди хатми мактаби миёна соли 1957 Ғоиб хост, ки барои илмомӯзӣ ба шаҳри Душанбе равад. Вале раиси колхоз инро нахост.

- Хондан барои чӣ? Дар колхоз истода, баробари дигарон кор мекунӣ,-гуфт раис. ӯро дафтарчаи меҳнатӣ ва тавсифнома надод. Раис ба гапаш истод.

Азбаски Ғоиб бисёр мехост хонданро давом диҳад, ба шаҳри Душанбе фирор кард. Бо шартгузорӣ, ки баъдан дафтарчаи корӣ ва тавсифнома биёрад, ҳуҷҷатҳояшро қабул намуданд. Имтиҳонҳоро супурд. Аз ҳайбату даҳшати раиси колхоз қариб як соли дароз ба деҳаи худ - Кадучии ноҳияи Восеъ нарафт.

Тобистон, баъди супурдани имтиҳонот ва таътили тобистона ба деҳа омад. Ноилоҷ назди раиси колхоз даромад. Раис чун аз асли воқеа огоҳ шуд, бо вуҷуди салтанату кару фар ва дағалмуомилагиаш табассум карда, гуфт:

- Бачам, якрав будаӣ, ба гапат истодӣ. Ман ин хел одамонро эҳтиром мекунам. Ту дафтарчаи меҳнатӣ ва тавсифномаро ҳалол кардӣ. Умед дорам, ки аз хоҷагии мо одами намоён мебарояд. Ва баъдан ба ӯ ҳам дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳам тавсифнома доданд.

Панҷ соли донишҷӯӣ дар донишгоҳ сипарӣ гардид. Давоми хондан аллакай худро ҳамчун шоир ва рӯзноманигор муаррифӣ карда буд. Хабару мақола ва шеърҳояш дар рӯзномаи бонуфузи ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») пайваста ба табъ мерасид. Ин буд, ки баъди хатми донишгоҳ ӯро бе ҳеҷ шарту шароит ва омӯзиш ба кор гирифтанд. Ва аз соли 1962 то лаҳзаи вопасини умраш - соли 1972 дар рӯзномаи мазкур ба ҳайси мухбир ва баъдан мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ифои вазифа намуд.

Ғоиб умри хеле кам дид. Дар 32- солагӣ зиндагиро падруд гуфт. Тайи даҳ соли фаъолияти кориаш тавонист, ки аз худ ба ояндагон нишоне боқӣ гузорад. Маҷмуаи шеърҳояш бо номи «Корвони орзу», «Ошёни офтоб», «Ҷавонӣ» ба табъ расиданд. Шоир дар як рубоиаш менигорад:

Мо раҳгузарему дар сафар мегузарем,
Лекин ба раҳи дигар дигар мегузарем.
Маънии ҳаёти мо дар ин хоҳад буд,
Чун омадаему боз чун мегузарем
.

Давоми зиндагӣ ва фаъолияти кориаш мекӯшид, ки то тавонад ин гуфтаи худро амалӣ намояд. Яъне, бо кору амали нек, муомилаю муошират, эътирофи ҳақиқат, пуштибонии он мубориза барад. Ва тавонист дар умри кӯтоҳи худ ин мақсаду маромашро амалӣ гардонад ва сазовори эътирофу эҳтироми хонандагонаш гардад.

Мутаассифона, Ғоиб корвони орзуяшро бо ин ҳама ҷаҳду талош, хоҳиши зиёдаш ба соҳили мурод расонида натавонист. Ва он дар сафар аз по фитод. 22 июли соли 1972 Ғоиб Сафарзода дар садамаи нақлиётӣ дар ағбаи Шар-шар ба ҳалокат расид.

Ғоиб Ватани азизаш - Тоҷикистон, зодгоҳаш - деҳаи Муллоҷонро бениҳоят дӯст медошт. Ин буд, ки мавзӯи асосии ашъораш сар то по Ватану ватандӯстӣ буд.

Ҳар сол як ё ду бор ба хотири дидори зодгоҳаш - деҳаи Муллоҷони ноҳияи Ховалинг ба он ҷо ба сафари хизматӣ мерафт. Аз зодгоҳаш дидан мекард, бо таҳҷои хонаашон, чордевори он ки айёми нав-расиаш он ҷо гузашта буду соли панҷоҳум аз ин ҷо муҳоҷир шуда, ба деҳаи Кадучӣ омада буданд, бо дарахтону чашмаҳои шӯху зулоли ин мавзеъ «суҳбат» мекард, давраи кӯдакиашро ба ёд оварда лаззат мебурд.

Ин маротиб Ғоиб хост, ки бо мошини шахсиаш, ки нав харида буд,ноҳияи Ховалинг ва деҳааш - Муллоҷонро зиёрат намояд. Бехабар аз он ки ин сафари охирини ӯ хоҳад буд. Ба мақсадаш расид, Ховалингу деҳааш Муллоҷонро дид, зиёрат кард, вале ҳангоми бозгашт дар ағбаи хунхори Шар-шар дили ҷавону ҳассос ва пурмеҳраш аз тапидан бозмонд. Кош ин нақбе, ки имрӯз тавассути Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт сохта мешуду ҷони Ғоибу садҳо нафари дигаррро аз коми марг раҳо мекард. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки имрӯз мо бо хотири осуда, бетарсу ҳарос рафтуомад намуда, аз бахти худ меболем.

Сардори давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ёд кардани ному корномаи онҳо, заҳмату ранҷи кашидаи онҳо баҳри нумӯи ватану миллати тоҷик вазифаи ҷонии ҳар шахси ватандӯст, миллатдӯсту соҳибдил аст, ки арзишҳои фарҳангии гузаштагонамон барояш азиз аст. Ин таъкидҳои Сардори давлатамон беасар намондааст. Ва имрӯз соҳибдилон гузаштагонамонро хеле хуб пос медоранду ёд мекунанд. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт тадбирҳои судманд меандешанд.

Баргузории ёдномаи шоири шаҳир ва рӯзноманигори варзида Ғоиб Сафарзода низ, ки рӯзи 5-уми ноябр баргузор гардид, аз зумраи чунин тадбирҳост.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, хосатан раиси ноҳия Мусо Ғафурзода, ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои ин шоири ҷавонмарг, муборизи роҳи ҳақиқат, ватандӯсту миллатдӯст кори хайреро амалӣ намуд. Сараввал бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мактаб- интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучӣ ба номи шоир Ғоиб Сафарзода гузошта шуд. Ва баъдан, бо ибтикори раиси ноҳия Мусо Ғафурзода дар деҳаи Кадучӣ дар хонае, ки Ғоиб Сафарзода тарбия меёфту зиндагӣ мекард, осорхона- китобхона бунёд гардид ва нимпайкараи шоир дар назди мактаб – интернати хонандагони лаёқатманд гузошта шуда, манзили охираташ тармиму таъмир гардид ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд.

Чуноне болотар зикр намудем, дар деҳаи Кадучӣ ҷамъомади ёдбуд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур шоирону нависандагон, меҳмонон аз дуру наздик ширкат варзиданд. Аҳли ҷамъомад бо роҳнамоии раиси ноҳия Мусо Ғафурзода сараввал манзили охирати шоирро, ки дар қабристони деҳаи Кадучӣ воқеъ гардидааст, зиёрат намуда, барои шод кардани рӯҳи марҳум ояте аз Қуръони карим тиловат намуданд. Баъдан, ба хонаи шоир рафта, дар маросими ифтитоҳи осорхона - китобхонаи ба номи Ғоиб Сафарзода иштирок карданд. Раиси ноҳия Мусо Ғафурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов ва духтари шоир Зуҳро Сафарзода пардаро аз рӯи лавҳаи шиносномаи хона-музей бардоштанд.

Худи ҳамон рӯз маросими пардакушоӣ аз рӯи нимпайкараи шоир бардошта шуд. Дар маросими пардакушоӣ хонандагони мактаб интернат аз ашъори шоир порчаҳо қироат намуда, санъаткорони идораи фарҳанги ноҳия бошанд, хотири ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилошӯб аз эҷодиёти шоир шод гардониданд. Сипас, дар маҷлисгоҳи мактаб-интернат ҷамъомади аҳли адаб, пайвандони шоир ва ихлосмандони эҷодиёти шоир баргузор гардид.

Ҷамъомадро мудири идораи фарҳанги ноҳия, рӯзноманигори варзида Субҳони Раҷаб ифтитоҳ намуд. Сипас, раиси ноҳия Мусо Ғафурзода доир ба ҳаёту фаъолияти шоир Ғоиб Сафарзода, саҳми ӯ дар рушди забони тоҷикӣ, тарғиби ватандӯстӣ, тарбияи адибони ҷавон сухан ронд. Баъдан, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, нависанда Раҷаб Мардон аз хотироти худ дар бораи ҳаёт ва фаъолият, муомилаю муошират, саҳми ӯ дар рушди журналистика ва махсусан публитсистикаи тоҷик сухан ронданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад духтари шоир Зуҳро Сафарзода барои созмон додани чунин як чорабинии хотирмон ва шод намудани рӯҳи шоир Ғоиб Сафарзода аз номи худ ва аҳли оила ва пайвандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, ба раиси ноҳияи Восеъ Мусо Ғафурзода, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ Субҳони Раҷаб барои саҳми босазояшон дар тайёр намудани чорабинӣ ва омода намудани он, инчунин ба дигар шахсоне, ки дар ин маъракаи ёдбуд ҳиссаи худро гузоштаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ намуд. Ҳамчун рамзи хотира аз шоир ва чорабинии онрӯза осори мунтахаби шоир бо номи «Чашмаи меҳр», ки бо дастгирии раиси ноҳия Мусо Ғафурзода ба тозагӣ аз дасти чоп баромада буд, ба меҳмонон тақдим карда шуд.

Н. ДОВАР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
НАҶОТ САФАРЗОДА

НАҶОТ САФАРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ