Дар як сатр
» » Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

6-02-2017, 08:44

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....


Илму дониш дар ҳама давру замон такондиҳандаи фикру ақидаи шахс буд ва мемонад. Дониш инсонро дар ҳама ҷо обрӯманд ва муваффақ мегардонад. Инсони босавод тамоми мушкилоти зиндагиро бартараф карда метавонад ва намегузорад, ки оила ва ҷомеа ба парокандагӣ дучор ояд.

Имрӯзҳо дар баробари писарон духтарон низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар донишгоҳҳо таҳсили илм намоянд. Мутаассифона, шумораи духтарони аз таҳсил дурмонда дар ҷомеаи кунунӣ, кам нестанд.

Ҳамида (номи мустаор), ҷавондухтар аз ноҳияи Панҷ, ки ду сол аст мактаби миёнаро хатм намудааст, вале волидайн барои таҳсил дар донишгоҳ ба ӯ иҷозат надодаанд.

- Ман аз хурдӣ дар дил орзуи барномасоз шуданро доштам, - мегӯяд Ҳамида. - Вақте ки мактаби миёнаро хатм кардам, хостам таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳам. Аммо падарам ба таҳсили ман зид баромад ва орзуе, ки солҳо дар дил мепарваридам, он ҷомаи амал напӯшид...

«Падарам шахси зиёӣ ҳастанд. Ман борҳо аз падарам пурсон шудам, ки чаро ба таҳсили ман зид баромадед?» Дар ҷавоб мегуфт: «Ман барои шумо шуда, анъана ва қоидаҳои авлодиамонро намешиканам. Намехоҳам, ки бародаронам як умр бо ман сухан накунанд», - бо таассуф афзуд ӯ.

Инчунин Мадина Умарова, истиқоматкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа, соҳиби 2 фарзанд, баъди ҷудо шудан аз шавҳар ба хонаи волидонаш баргаштааст, мегӯяд: «То синфи 9 дар деҳот хондам, вақте ки оилаи мо ба шаҳр кӯч баст, худам нахостам таҳсилро дар шаҳр идома диҳам. Ин сабаб дошт, медонистам волидонам барои дар донишгоҳи олӣ идома додани таҳсилам иҷозат намедиҳанд. Падару модарам ба ман борҳо мегуфтанд, ки ҳаддиақал мактаби миёнаро ба итмом расон, вале ман розӣ нашудам. Имрӯз пушаймонам, ки таҳсилро идома надодаам».

Мадина иброз дошт: «Мекӯшам, ки фарзандонамро дар донишгоҳҳои олии кишвар дохил намоям. Дар зиндагӣ худам бесавод мондам бас аст, вале намехоҳам, ки фарзандонам дар ҳаёт азоб кашанд».

Духтаре, ки маълумоти олӣ дорад, аз илму дониш, одобу ахлоқ бохабар аст дар оила чун зани соҳибилм метавонад фарзандони хубро тарбият кунад, илм омӯзонад. Инчунин духтари донишманд дар оила дастёру мададгор мебошад. Арзиши оилаю оиладориро медонад, барои пойдории оила талош меварзад.
Алишер Ҳайдаров, ҳуқуқ-шинос аз шаҳри Қӯрғонтеппа, оид ба ҷалби духтарон ба мактабҳои олӣ чунин ибрози андеша намуд: «Сабаби аз таҳсил дур мондани духтарон, пеш аз ҳама аз ҷаҳонбинию мафкураи танг доштани бархе аз волидон ва инчунин хоҳиш надоштани худи духтарон мебошад. Агар шахс иродаи қавӣ дошта бошад, фикр мекунам, ба мақсадаш мерасад».

Номбурда қайд дошт: «Мутаассифона, дар кишвар ягон санади меъёрӣ- ҳуқуқии махсус оид ба ҷалби духтарон барои таҳсил дар мактабҳои олӣ вуҷуд надорад. Аммо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқи озодона таҳсил карданро дорад».

Маврид ба ёдоварист, ки Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон, махсусан духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шароиту имкониятҳои хубе фароҳам овардааст. Акнун ҳар шахси хоҳишманд метавонад, тариқи Маркази миллии тестӣ ва квотаҳои президентӣ ба донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар қабул шаванд.

Замира ШАРИПОВА,
Меҳрангез КОМИЛОВА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Номаи сипоси «духтари Президент»

Номаи сипоси «духтари Президент»

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ