Дар як сатр
» » Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

4-02-2017, 15:43

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад


Дар марҳилаи навини таърихи башарӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҷуғрофиёи фаъолияти ин ташкилотҳо рӯз аз рӯз ҳудуди давлатҳои алоҳидаро рахна сохта, характери фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда истодааст.

Ин таҳаввулоти номатлуби замон боиси халалдор кардани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида, ҳаёти осоиштаи мардуми сайёраро зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо тифлони бегуноҳ, пирони барнодил ва ҷавонони равшанфикр ба коми ин “заҳҳок”- и аср фурӯ рафта истодаанд.

Терроризм аз амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён оварда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ба ақидаи сиёсатшиносон, зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат, мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ мерасонад. Ба ҳамаи мо аз таърих маълум аст, ки идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ ба миён меоянд. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои кишвари мо муҳим аст, ки бо ширкати тамоми қишрҳои ҷомеа консепсияи мукаммали мафкуравии худиро ташаккул диҳем, зеро набудани идеалҳо ва ҳадафҳо дар зиндагӣ бахусус ба ташаккули шахсияти ҷавонон таъсири ниҳоят манфӣ дорад. Барои ин табақа мавҷуд будани идеалҳои мушаххас ва ҳадафҳои равшан ба хотири рушди ҳирфавӣ ва шаҳрвандии шахсият ва умуман ҳаёт арзишҳои бунёдӣ мебошанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки аксар ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машғулият ва ҷойи кор гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки аксари онҳое ба ҷангҳои Сурия мераванд, аз бекорӣ бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта ва дар он ҷо бо мусоидати гурӯҳҳои таблиғгар ба Туркия ва баъдан ба Сурия роҳ меёбанд. Қобили таъкид аст, ки Тоҷикистон гурӯҳи худхондаи «Давлати исломӣ»-ро як созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон кардааст.

Сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузаронидааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо бо туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми қарни ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракатҳои «Толибон», «Ал-қоида» ва «Ҳизбуттаҳрир» мушоҳида карда метавонем.

Иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз ҳар яки мо масъулияту ҳушёрии сиёcӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.01.2015) ин равияи тундравро маҳкум намуда, чунин иброз дошта буданд: «…Ҳодисаҳои солҳои охир бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла, бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Бинобар ин, моро зарур аст, ки пеши роҳи ифротгароиро гирем ва ба домангустарии ин гуна равияҳо роҳ надиҳем. Ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем, то онҳо сазовори давру замон бошанд.

Бахтиёр АБДУАЛИЕВ,
омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо