Дар як сатр
» » Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

4-02-2017, 10:49

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»


Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон шуд.

Ба ин муносибат идораи рӯзномаи «Хатлон» бо Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, суҳбате орост.

- Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Назари Шумо дар ин бора чист?

- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар симояш неруи ҷавонӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардидааст, ҳануз аз нахуст суханонаш дар ҷаласаи таърихсози Хуҷанд дар дили ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун пайкари осоиштагию амният мавқеи хоса дошта, дар афкори ҷавонони имрӯз чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол пазируфта шудааст.

Пешниҳоди Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба хусус эълон гардидани соли 2017 - ҳамчун «Соли ҷавонон») бори дигар ба ҷавонони саодатманди кишвар паём дод, ки ман ба имрӯз ва фардои Шумо эътимод дорам ва ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дар каноратон ҳастам.

Аз эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» хушҳол гардида, бо ифтихор иброз менамоям, ки соли нави 2017 барои рушди босуботи ҷавонони кишвар дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда амалӣ нек буда, дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаи хешро касб менамояд. Инчунин дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик қабул гардидани яксол барои ҷавонон нақши басо пурифтихорро дар ҳаёти имрӯзу фардои ҷавонон касб менамояд.

- Нуктаи дигаре, ки дар Паём зикр гардид, ҷалб нашудани ҷавонон ба пажӯҳиши фанҳои дақиқ аст. Ҳоло ба назар мерасад, ки муҳаққиқони ҷавон бештар майл доранд ба анҷом додани таҳқиқот дар соҳаҳои улуми гуманитарӣ. Аз нигоҳи Шумо, чаро чунин аст ва бо кадом роҳу усулҳо ҷавононро ба илмҳои дақиқ метавон ҷалб ва ҳавасманд намуд?

- Бояд гуфт, ки дар вилоят айни ҳол 63 нафар олимони ҷавон дар соҳаҳои гуногун корҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Дар ҳақиқат бештари онҳое, ки корҳои номзадӣ анҷом додаанд, дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ зафарёб гардидаанд. Барои ҷалби олимон ва муҳаққиқони ҷавон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба корҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ, Ҷоиза аз ҷониби раиси вилояти Хатлон дар соли 2017 ва Ҷоизаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоятро таъсис дод. Ҳамчунин дар соли 2016 Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд, ки бо баргузории конференсияҳои гуногуни илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ баҳри ҷалби олимон мусоидат хоҳад кард.

- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон барои ҳавасмандсозии истеъдодҳо, ихтироъкорони ҷавон чӣ иқдомот нишон медиҳад? Ихтироъкорӣ дар вилоят имрӯзҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Ихтироъкорони ҷавон чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?

- Вобаста ба ҳавасмандгардонии истеъдодҳои ҷавонон аз ҷумла ихтироъкорони ҷавон баргузории Форуми ихтироъкорони ҷавон дар соли 2017 ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки ихтироъкорӣ дар вилоят дар мадди назари доимии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қарор дошта, дастовардҳои ҷавонон дар самти ихтироот хело назаррас аст, аз ҷумла чунин ихтироотро метавон аз Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва инчунин литсейҳои касбию техникии вилоят дарёфт. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки соли 2017 барои пешбурди фаъолияти ихтироъкорони ҷавон ду стипендияи Раёсатро барои 9-моҳӣ бо маблағи 150 сомонӣ таъсис диҳад.

- Дар Паёми Президенти кишвар аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки баъзе ҷавонон рӯ овардаанд ба бегонапарастӣ ва зери таъсири истихдомгарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил гаштаанд. Аз назари Шумо, бо кадом усулҳо мафкураи ҷавононро метавон ташаккул дод, то онҳо ватандӯсту хештаншинос ба воя расанд ва ба доми чунин гурӯҳу созмонҳо наафтанд?

- Дарвоқеъ, беш аз 200 нафар ҷавонони вилоят аз надоштани донишҳои динию дунявӣ ба доми хоҷагони хориҷӣ ва шахсони манфиатдор афтида, фирефтаи доми онҳо гаштаанд. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бо усулҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути суҳбатҳои фардӣ, хона ба хона ва инчунин мусоидат дар соҳибкасб намудани ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ва маҳаллаҳои осебпазир дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ҷалб намудааст. Инчунин бо мақсади ҷалби ҷавонон ба ватандӯстиву хештаншиносӣ тавассути баргузории чорабиниҳои натиҷабахши фарҳангию фароғатӣ ва озмунҳои иншо ва расми беҳтарин дар васфи Ватан баҳри тарбияи насли наврасу ҷавон баргузор карда шудааст.

- Дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, ки имрӯзҳо ҷавонон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолият менамоянд ва дар рушду нумӯи мамлакат нақши назаррас доранд. Дар ин росто, ба ҷавонони замони муосир, ҷаҳонбинӣ ва дониши онҳо Роҳбари давлат баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки аз неруи ҷавонон бояд ба таври самарабахш истифода бурд. Бигӯед, ки чӣ қадар ҷавонони вилоят имрӯзҳо вазифаҳои роҳбариро ба дӯш доранд?

- Хушбахтона, имрӯзҳо дар вилоят беш аз 2200 нафар ҷавонон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар рушду нумуи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

- Дар соли 2017, ки «Соли ҷавонон» эълон гардидааст, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории чӣ гуна чорабиниҳои фарҳангию маърифатиро дар нақша дорад?

- Соли 2017 Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории Форуму Фестивал, Наврӯзии ҷавонон, Конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои дар самти ватандӯстии ҷавонон мусоидаткунандаро ба нақша гирифтааст.

Мусоҳиб
Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар ...

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони  ...

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Конфронси илмӣ дар ДДД

Конфронси илмӣ дар ДДД

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА