Дар як сатр
» » «Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

2-02-2017, 15:47

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)


Воқеан аҷиб аст, ки инсон муддати зиёд ҷойе кор кунаду аксаран бо номи аслиаш ӯро нашиносанд. Бале, бале, ҳайрон нашавед. Дар асл қаҳрамони мо акаи Абдуназарро дар ҷойи кор анқариб касе бо номи худаш намешиносад. Зеро ӯро аҳли ҳамкорон аз рӯзи нахусти кор барои мушобеҳи Путин буданаш бо тахаллуси «двойник Путина» (Путини дуюм - Президенти Русия) садо мекарданд...

Абдуназар Неъматов 16 апрели соли 1940 дар ноҳияи Турсунзода чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ то синфи 7-ум таҳсил кардаасту халос. А. Неъматов пас аз адои хизмати модар-ватан бо Давлатпоччо хонадор шуда, соҳиби 5 духтару 2 писар мегардад. Ҳоло номбурда дар ноҳияи Бохтар умр ба сар мебарад.

Ӯ қисса мекунад, ки ин тахаллусро вақти дар шаҳри Маскав буданаш рафиқони русзабон ба ӯ гузошта буданд.

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)-Пас аз адои хизмати модар-ватан дар Маскав, бори нахуст барои таъмини рӯзгор ба Русия муҳоҷир шуда рафтам,- он рӯзҳоро ба ёд оварда нақл мекунад акаи Абдуназар. - Баъд аз чанд моҳи он ҷо будан В. Путин Президент шуд ва маро «двойник Путин» гуфта, полисҳо дастгир намуда, сад километр дуртар аз ҷойи корам бурданд. Вақте ки садои «двойник Путин»-ро шунидам, дар ҷоям шах шуда мондам. Бо худ мегуфтам, корам тамом, умрам то ин ҷо будааст. Зеро зиёд мешунидам онҳоеро, ки ба президентҳо монанданд, қатл мекунанд. Фикр кардам, ки маро низ мекушанд. Бахтам баландӣ карду дӯсти русзабонам Серёга аз ин ҳол хабардор шуда ба мо расида омад. Ва ба онҳое, ки маро дошта буданд, фаҳмонид, ки ман тоҷик ҳастам. Дар ниҳояти кор ҷавобам доданд. Ва ин сабаб шуду дигар ба ман ҳамин лақаб «часпид».

Ҳоло «двойник Путина» 77 сол дорад. Сахтии бори зиндагӣ ӯро маҷбур сохтааст то ба ин синну сол кор кунад. Тайи ду сол мешавад, ки ӯ дар корхонаи коммуналии ш. Қӯрғонтеппа кор мекунад 3 набераи бемодари ятиммондаро парасторӣ мекунад.

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

-Субҳгоҳон аз ҳама барвақт ба ҷойи кор ҳозир шуда, пас аз дигарон ба хона меравад, акаи Абдуназар, - қайд мекунад директори Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа Абдулқосим Мусоев. –Тайи дувуним соле, ки ӯ дар корхонаи мо кор мекунад, боре надидаам, ки нисбати кораш бепарво бошад. Пеш аз ҳама, ӯ инсони коргар ва кордон аст.

Мавсуф тасдиқ кард, ки ба хотири ба президенти Русия монанд будани акаи Абдуназар ҳама ӯро дар ҷойи кор «двойник Путина» ё худ Путини дуюм ном мебаранд.

Носир Раҳимов, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» иброз намуд, ки Абдуназар Неъматов, воқеан ҳам, беҳтарин шахс буда, бо атрофиён муомилаи хуб дорад. Ҳатто вақти хӯроки нисфирӯзӣ аҳли ҳамкоронро панду насиҳат мекунад.

Ба гуфти ӯ, акаи Абдуназар агарчӣ синнаш аз 70 гузаштааст, аммо аз бархеи ҷавонон дида, дар кор фаъолтар мебошад. Барои ӯ аҳамият надорад, ки вақти корист ё истироҳат, ҳар вақт ки ҷое партовро дид, тоза карда рафтан мегирад.

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

Ва ҳоло орзуи акаи Абдуназар Негматов ин аст, ки дар ин айёми солмандӣ аз ҳамхизматонаш хабаре дарёбад. ӯ мехоҳад бори дигар бо онҳо вохӯрда, даврони хизмати аскариро ба ёд оранд.

Ӯ мегӯяд, ҳамроҳи 25 нафар ҳамхизматони тоҷикистониаш дар солҳои 1960-1963 дар сохтмони майдони кайҳоннавардии «Байконур», ҷое, ки киштии кайҳонии Юрий Гагарин – аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон ба фазо парвоз карда буд, саҳм гирифтааст.


Акаи Абдуназар дарвоқеъ инсони ҳалиму хоксор буда, дар назар шахси одӣ менамояд, аммо суханҳое мегӯяд олӣ ва пурҳикмат. Имрӯзҳо ба мисли ӯ инсонҳои накую башардӯстро кам вохӯрдан мумкин аст.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Сиёсат, Номаҳои Шумо
Худкушии духтари ноболиғ дар Носири Хусрав

Худкушии духтари ноболиғ дар Носири Хусрав

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Тасвиби қонуни нави марбут ба муҳоҷирони корӣ дар Русия

Тасвиби қонуни нави марбут ба муҳоҷирони корӣ дар Русия

Хабарҳо