Дар як сатр
» » Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

1-02-2017, 15:19


Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Лоиҳаи муштараки идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон

Ҳадаф аз ин иқдом муаррифии бештари маҳалҳои таърихию фарҳангӣ, табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои тамошобобу хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахши вилояти Хатлон мебошад, ки метавонанд барои инкишофи соҳаи туризм дар минтақа истифода шаванд.

Хонандаҳо низ метавонанд аксҳои зебои худро аз маҳалли зист ё ҳар мавзеи дигари дилфиреби Хатлон ба идораи рӯзнома бифиристанд. Беҳтарин аксҳо дар ҳамин гӯша ва сомонаи рӯзнома нашр гардида, қадрдонӣ карда мешаванд.

ҲУЛБУК (асрҳои IX-XI)
Сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чинӣ ва арабу форсӣ, инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти шоҳигарии Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯйи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои мураккаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон, обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ, таъмин бо оби ошомиданиро хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва бо рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонда шудааст.

Шаҳри Ҳулбук яке аз муъҷизаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан - пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилашаҳрҳои «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим»-и ЮНЕСКО ворид ва бо ҷоизаи махсуси он қадр карда шуд.

Дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук таъсис дода шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сайри Хатлони бостон!

Сайри Хатлони бостон!

Туризм
Марҳамат, ба Хатлони бостон!

Марҳамат, ба Хатлони бостон!

Хабарҳо, Туризм, Матолиби чандрасонаӣ
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР