Дар як сатр
» » Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

1-02-2017, 10:32

Сада - ҷашни ниёгон


Мардуми ориёӣ давоми ҳазорсолаҳо ҷашнҳои иди Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро ботантана таҷлил мекарданд. Мутаассифона, бо ғасби арабҳои бодиянишин ва нуфуз пайдо кардани дини ислом, таҷлили ҷашнҳои мазкур ба ҷуз иди Наврӯз аз миён рафтанд. Вале Наврӯз ҳам бо дигаргуниҳои зиёде боқӣ монд. Яке аз дигаргуниҳои асосӣ ин иваз шудани ҳафт «шин» ба ҳафт «син» буд. Ва он бо чунин дигаргунӣ то замони Шӯравӣ давом кард. Вале он ҳам чун нишоне аз ислом хонда шуду аз миён берунаш карданд. Бо бахти мардуми тоҷик, ворисони ориёӣ-мардуми тоҷик соҳибдавлат гардид ва акнун метавонист, ки тақдири худро худ ҳал намояд. Ва дар ҳамин замина бисёр суннатҳои қадимии мардуми волофарҳангу воломақом аз нав эҳё гардид. Дар ин бахш саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Ҳаминро ёдовар гардидан бамаврид аст, ки тавасути ин марди хирадманд Наврӯзӣ Аҷам-Наврӯзи тоҷикон тавонист ба иди байналмилалӣ табдил ёбад. Акнун иди мазкур ҳамчун оғози соли нав, оғози фарорасии кишту кор, зиндашавии табиат дар аксарияти мамолики ҷаҳон ботантана қайд мегардад. Баробари иди Наврӯз идҳои дигар: иди Меҳргон, Тиргон ва Сада низ аз нав эҳё гардида, ба таври пуршукӯҳ таҷлил мегарданд.

Ҳарчанд дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи рӯзу баргузории ҷашни Сада ба таври мукаммал чизе гуфта нашуда бошад ҳам, баъзе маълумот-ҳо оварда шудаанд. Аз ҷумла, зикр гардидааст, ки ҷашни Сада сад рӯз қабл аз Наврӯз барпо гардида, мардум ин рӯзро бо фараҳу хурсандӣ истиқбол менамоянд. Гулхан афрухта, болои он меҷаҳанд. Ва ба ин васила гӯё бори гуноҳ, кина, ҳасаду дурӯғи худро сӯзонида, бо тани пок ба зиндагии нав ворид мегарданд. Бархе ба он ақидаанд, ки сад рӯз ин 50 рӯз ва 50 шаб аст ва дар якҷоягӣ садро ташкил менамояд. Ва дар ин рӯз мардум дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш бароварда, базму тараб доир мекунанд, гулхан афрухта, гирди он суруд мехонанду мерақсанд.

Сада - ҷашни ниёгон
Хуллас, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад. Мувофиқ ба гуфтаи муаррихон ҷашни Сада ба 29-30-уми январ рост меояд. Ин буд, ки рӯзи 29 январ дар назди маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Султони Кабир» базми ҷамшедӣ-ҷашни Сада баргузор гардид. Бо ташаббус ва роҳнамоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии кулли мардуми ноҳия дар ин ҷо ҷашни таҷлили иди Сада баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷамоату шаҳраки ноҳия ширкат варзиданд. Ҳунармандону косибон бо ҳунарҳои дастии худ, зардӯзию кашидадӯзӣ, тоқиҳои гуногундӯхт, мактаббачагон бо маҳсули дасти худ-гулу гулдон, боғдорон бо меваҷоти гуногун, сабзавоткорон бо сабзавоти тару тозаи худ, ниҳолпарварон бо ниҳолакони наврӯстаи худ, ки бо беҳтарин навъҳои дарахтони мева пайванд карда шудаанд, ҷамъ омада буданд.

Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода, раиси ноҳия Мусо Ғафурзода аз дастовардҳою маҳсулоти ба маъраз гузошташуда, шинос шуданд. Ба маҳорати хунарии аҳли касбу ҳунар ва таҷрибаи боғдории боғдорон аҳсан хонда, онҳоро ба ҷашни ниёгонамон-«Сада» табрик гуфтанд.

Гурӯҳи санъатварони идораи фарҳанги ноҳия ҷашни Садаро шукӯҳу шаҳомати хос бахшиданд.

Ҷашни «Сада» дар ноҳия хотирмону пуршукӯҳ ва бо рукнҳои худ баргузор гардид.

Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА