Дар як сатр
» » 74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

8-01-2015, 16:33

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шудандМаҳмудалӣ Алимардонов, прокурори ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа, зимни нишасти матбуотияш рӯзи 8 январ гуфт, ки соли гузашта 14,8 фоизи шаҳрвандони даъватшаванда бо маҳдудияти ҷузъӣ ба артиш сафарбар карда шудаанд.

- Сабабҳояш дар қайди диспансерӣ набудани шаҳрвандони бемор, пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои лозимӣ оид ба вазъи саломатӣ, инчунин ҳангоми гузаштан аз комиссияи даъват шикоят накарданашон мебошад, - зикр кард М. Алимардонов.

Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода мешавад, ки дар мавсими тирамоҳии даъват ба аскарӣ як ҳолати ғайриқонунӣ даъват кардани шаҳрванд дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муайян шудааст. Дар асоси амри прокурори ҳарбии гарнизон ин ҷавон, ки мубталои бемории эпилепсия будааст, пеш аз муҳлат аз адои хизмати ҳарбӣ озод карда шудааст. «Нисбати духтур-мутахассиси комиссияи даъвати ноҳияи А. Ҷомӣ қарор дар асоси татбиқи қонуни афв қабул карда шудааст. Дигар ҳолати пеш аз муҳлат озод кардани хизматчиёни ҳарбӣ бо маҳдудияти ҷузъӣ ҷой надорад», - хабар дод М. Алимардонов.

Прокурори ҳарбӣ дар идома гуфт, ки агарчи соли гузашта дар мавсими баҳории даъват ба артиш 74,5%-и даъватшавандаҳо ихтиёран ва довталабона омада бошанд, дар мавсими тирамоҳии даъват ин рақам ба 61% баробар шудааст.

Ҳамчунин 4 ҳолати тавассути иҳотагирӣ ба хизмати аскарӣ даъват кардани ҷавонон ошкор шуда, омилонаш ба муҷозот кашида шудаанд. Дар соли 2014 ҳамчунин аз ҷониби прокуратураи ҳарбии минтақа 4 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 6 корманди комиссариатҳои низомӣ ифтитоҳ ёфтааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА