Дар як сатр
» » Оё фурӯравии пулро интизорем? (аксу видео)

Оё фурӯравии пулро интизорем? (аксу видео)

31-01-2017, 16:40

Оё фурӯравии пулро интизорем? (аксу видео)


Пули мошингузари воқеъ дар наздикии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қисман вайрон гашта, барои ҳаёти ронандагон хавфу хатар эҷод кардан дорад. Аммо роҳбарони ин Муассиса, ҳарчанд ҳамарӯза аз болои ин пул гузаранд ҳам, чашмпӯширо афзалтар медонанд.

Муаллими башарият ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид кардаанд, ки дар кори хайр таъҷил ва дар кори бад таъхир мебояд кард. Аммо ҳоло ки гап сари кӯпруку роҳсозӣ, ки мувофиқи боварҳои мардуми мо аз ҳама кори савоб аст, меравад, худситоиву бемасъулиятии масъулони ноҳия боиси тааҷҷуб асту бас.

Оё фурӯравии пулро интизорем? (аксу видео)

Ҳарфи дигар ин аст, ки чун ин мавзеъро аккосӣ мекардем, ронандагон бо дарки он, ки рӯзноманигор ҳастем, хоҳиш карданд ҳақиқати ҳолро ба «боло» расонем, то мутасаддиён ҳарчи зудтар ин кӯпруки лаҳза ба лаҳза вайронгаштаистодаро барои равуо мувофиқ созанд. Мо ҳам умед ба «гӯши суханшунав» доштани масъулони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебандем.



Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи нақшаи генералии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасдиқи нақшаи генералии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ноҳияи А. Ҷомӣ. Об фаровон шуд

Ноҳияи А. Ҷомӣ. Об фаровон шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Сарфи 220 ҳазор сомонӣ барои пули Кафтархона

Восеъ. Сарфи 220 ҳазор сомонӣ барои пули Кафтархона

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА