Дар як сатр
» » Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

14-01-2017, 14:53



Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?


Ё чаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ аз вазъи бахши фарҳанг ва бинои хабробшудаи китобхонаи марказии ноҳия бетарафиро ихтиёр намудааст?

«Вазорати фарҳанг ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар бобати пешгирӣ ва хариду фурӯш ва истифодаи ғайримақсадноки биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ ва таъмиру барқарорсозии онҳо чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд».
Эмомалӣ РАҲМОН


Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чораву тадбирҳои зарурӣ меандешад. Албатта, ин амалҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии шаҳрвандон роҳандозӣ мешавад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг, татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва дастгирии кормандони ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Ин аст, ки дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят дар баробари тамоми соҳаҳои гуногун ба соҳаи фарҳанг ва татбиқи Барномаи давлатии рушди фарҳанг таваҷҷуҳ доранд.

Аммо, аз чӣ бошад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ аз вазъи хароби китобхонаи марказӣ огоҳанду аммо бетарафиро ихтиёр кардаанд? Ин суолест, ки посух мехоҳад.

Назирмат Ҳайётов, мутахассиси муассисаи клуби ноҳияи Панҷ, зикр намуд, ки дар ноҳия 12 муассисаи клубӣ, 18 китобхонаи оммавӣ, боғи фарҳангу фароғат, мактаби санъати бачагона дар ноҳия фаъолият намуда истодааст.

Ҳангоми ба бинои бахши фарҳанги ноҳия даромадан маълум шуд, ки ин бино чанд даҳсолаҳо дар хидмати аҳолии ноҳия қарор дорад. Мутаассифона, вақте аз бинои ин марказҳои фарҳангӣ, ки бояд чун симои маданиву фарҳангии ноҳия шинохта шаванд, дидан намудем, хеле рӯҳафтода гардидем. Зеро, бинои бахши фарҳангии ноҳия ба таъмир ниёз дошта, утоқҳои корӣ низ аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯ набуд.

Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Тибқи омори бахши фарҳанги ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон 707 маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо мардум гузаронида шудааст, ки дар он 130 ҳазору 454 нафар сокинон иштирок доштаанд. Аммо ин рақамҳо то куҷо воқеият доранд, ба масъулони фарҳанг ҳавола месозем.

Китобхонаи маркази ноҳияи Панҷ дар паҳлуи рости бахши фарҳангӣ ҷой гирифтааст. Аз дидани намуди беруни он маълумамон гардид, ки бинои китобхонаи марказӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, деворҳои дохили бино қисм - қисм рехтааст.

- Дар ин бинои вайрона фаъолият намудан хатарнок аст, зеро хавфи фурӯ рафтани деворҳои бино мавҷуд мебошад, - зикр намуд Қиматой Имомуродова, корманди шуъбаи хизматрасонии китобхонаи марказӣ. – Аз вазъи кунунии китобхонаи марказии ноҳия масъулини бахши фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бохабаранд, вале масъулини ниҳодҳои дахлдор то ба имрӯз роҳҳои пешгирӣ аз вайроншавӣ чора нандешидаанд.
Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Тибқи омори нуҳмоҳаи бахши фарҳанги ноҳия ҷалби хонандагон 10 ҳазору 558 нафар буда, гардиши хазинаи китобӣ 0,6 фоизро дар бар мегирад. Дар китобхона қисми зиёди китобҳо ба забони русӣ буда, аз ин шумора ба хазинаи китобхонаи марказӣ 167 нусха адабиётҳои тозанашр ворид гардидааст.
Умед бар он мебандем, ки ашхоси мутасаддӣ аз ин баъд ба ҳаллу фасли мушкилоти китобхонаҳои маҳаллӣ, хусусан ба китобхонаи марказӣ ҷаҳду талоши бештаре хоҳанд варзид, то сокинон аз шаҳди мутолиаи китоб - фурӯғи субҳи доноӣ бебаҳра намонанд.

Комрони БАХТИЁР,
Қӯрғонтеппа-Панҷ-Қӯрғонтеппа
Рӯзномаи «Хатлон», №43 (3080) , 10 уми ноябри соли 2016



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Хабарҳо