Дар як сатр
» » Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

31-01-2017, 08:49


Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Ҳар як халқият дорои хусусиятҳои фарқкунандае мебошад, ки муаррифгари давлату миллаташ ба шумор меравад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи миллати тоҷик либоси миллии ӯст, ки ҳамчун алмос ҷавоҳирони тоҷикро дурахшандатар мегардонад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза ин раванд аз байн рафта истодааст. Шояд баъди чанд сол миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои бостонӣ ва тамаддунпарвар ба шумор меравад, боигарии фарҳангии худро аз даст диҳад. Ин фоҷиа барои халқи тоҷик такони бузург аст, ки миллатро ба бегонапарастӣ оварда мерасонад.

Имрӯзҳо шавқу ҳаваси духтарон бештар ба либосҳои бегона аст. Сабку тарҳи туркию аврупоӣ диққати онҳоро бештар ба худ чалб намудааст, ки ҳатто матои миллиро бо тарҳи аврупоӣ медӯзанд. Магар сабки туркӣ ва ё аврупоӣ хусусияти хосе дорад, ки тамоми занону духтарони тоҷикро думболи худ мекашонад? Ва ё мо-ҷавондухтарон зеҳну иродаи заиф дорем, ки хубу бадро наметавонем ташхис диҳем. Агар ин дуруст аст, пас даъвои он, ки «Мо миллати фарҳангдӯсту маданиятпарварем» куҷо мешавад? Дар сухан гуфтан ва дар амал иҷро намудан дуто чизи комилан мутафобит аст.

Далели аслии пайравӣ намудани занону духтарони тоҷик ба либосҳо ва тарҳу услубҳои бегона, пеш аз ҳама, ба тарзи фикри онҳо бастагӣ дорад. Доир ба он, ки кадом сабки либос барояшон ҷолибтар аст ва бештар чӣ диққати онҳоро ҷалб менамояд, андешаҳо хело зиёданд.

Мавзуна Мерганова, ки худ духтари ҷавон аст, ба пӯшидани либосҳои аврупоӣ рағбати зиёд дорад. Мавзуна ақидаи худро дар ин бора чунин иброз намуд: «Вақте ба бозор ё мағозаи либосфурӯшӣ медароям, диққати маро пеш аз ҳама либосҳои аврупоӣ ҷалб менамояд. Ба назари ман бо чунин либосҳо роҳ рафтан роҳаттар аст, махсусан, ман худро хеле озод эҳсос мекунам. Меҳрам ба пӯшидани ин гуна либосҳо чунон зиёд аст, ки мехоҳам дар ҷашнҳо, шабнишиниҳо, гардиш ва ҳатто дар хона ҳам ба бар созам. Чунки мисли одамони маъруф зебо ва мудерн ба назар намоям. Чи хеле, ки ман медонам, бештари духтарон сарояндагонро идеали худ медонанд ва ба онҳо пайравӣ ҳам менамоянд. Баъзан вақт ба хотири ин ки либосҳои аврупоӣ мепӯшам, модарам маро сарзаниш мекунад. Ва чун дӯстонамро бо чунин либос мебинад, қаҳраш паст мешаваду даъво намекардагӣ мешавад, ё шояд намехоҳад, ки ман назди дугонаҳоям таҳқир шавам».

Вақте чеҳраҳои шинохта ин бегонапарастиро таблиғ мекунанд, пас аз мардуми одӣ чӣ тақозо метавон кард? Агар одамони маъруф либосҳои миллиро бештар тарғиб намоянд, дигар табақаи ҷомеа низ ба онҳо пайравӣ хоҳад кард. Тарҳи либосҳои хориҷӣ, ки имрӯзҳо кулли ҷумҳуриро фаро гирифтааст, сарчашмаи он корхона ва устохонаҳои дӯзандагӣ ба шумор мераванд. Зеро на ҳамаи либосҳо аз хориҷи кишвар меоянд. Ба хотири он ки тарҳи либосҳои аврупоӣ ва туркӣ талабгорони зиёд доранд, бештари либосҳоро хайётони кишварамон медӯзанд. Бинобар ин, сабаби серис-теъмол шудани тарҳи хориҷиро хубтар аз худи тарроҳон ва хайётон касе намедонад.

Хайёти таҷрибадор Меҳрубону Наҷмид-динова, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти дӯзандагии худро ба роҳ мондааст, муштариёни хеле зиёд дорад. Вай бо занону ҷавондухтарон бисёр дар иртибот аст. Аз ҳамин лиҳоз, доир ба завқу хоҳиш ва талаботи онҳо маълумоти бештар дорад. Чунончи, аз таҷрибаи кориаш ёдовар шуда мегӯяд: «Чун шуғлам хайётӣ аст, бештар бо занону духтарон дар муошират ҳастам. Наздам муштариёни зиёде меоянд ва ҳар тарҳе, ки онҳо интихоб мекунанд, либосашонро ҳамон шакл медӯзам. Чи тавре мушоҳида намудам, духтарони имрӯза бештар ба тарҳи аврупоӣ ва туркӣ шавқ доранд. Назди ман тарҳҳоеро меоранд, ки чеҳраҳои таблиғотӣ ба бар менамоянд. Ба назари ман сабаби ин дар пешравии ҷомеа мебошад. Вақте ки тарҳу либосҳои хориҷиро ҳамчун муд ва сабки замонавӣ меҳисобанд, табиист, ки мехоҳанд ҳамқадами замона бошанд. Вале гуфтан ба маврид аст, ки барои духтари тоҷик зебандатар аз дигар либосҳо либоси миллӣ аст. Баъзе донишҷӯдухтарон мегӯянд: «Либосамро дар қолабе дӯзед, ки ягон кас надӯхта бошад». Ба ҳамин хотир баъзеҳо матои атласро дар шакли шим мепӯшанду баъзеи дигар дар шакли доманҳои кӯтоҳ.

Мехоҳанд аз дигарон фарқ дош-та бошанд. Албатта, ҳастанд нафароне, ки либосҳои худро бо тарҳи миллии соф тоҷикӣ медӯзанд. Вақте бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем, маълум мегардад, ки онҳо низ тарҳи миллиро бо хосту интихоби волидон ва ё шавҳару хушдоман мепӯшидаанд. Ҳолатҳое шуданд, ки духтарҳо тарҳи дилхоҳашонро супориш дода, баъди чанд муддат фикрашонро иваз карданд. Чун маълум гардид, он тарҳ ба бузургтарони оила писанд наомадааст. Ҳатто лаҳзаҳое шуданд, ки аз рӯи сабукфикрии духтарон бо ҷангу хархаша рӯ ба рӯ гаштем ва маҷбур шудем либосҳои фармоишшударо ба фурӯш барорем. Дар ҳар сурат кӯшиш менамоям, ки дар либоси духтарон нишонаҳои миллиро ҷой диҳам»- иброз дошт Меҳрубону Наҷмиддинова.

Новобаста аз он, ки бештари занону духтарон майли мудерну замонавӣ буданро доранд, шахсоне низ ҳастанд, ки воқеан либоси миллиро дӯст медоранд ва барои ҳифзи фарҳанги миллии хеш саҳмгузоранд.

Ҳамсуҳбати дигари мо Муниса Алиева, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамеша бо либосҳои миллӣ ба дарс ҳозир мешавад. Талош менамояд, ки фарҳанги хеш ва маданияти миллии халқашро ҳифз намояд. Муниса дар ин бора мегӯяд: «Ман либоси миллиро на барои он мепӯшам, ки падару модарам сарзанишам мекунанд ва ё имконияти либоси аврупоиро харидорӣ кардан надорам, балки далели аслиаш меҳри беандоза доштанам нисбати фарҳанги хеш аст. Вақте дар кӯча роҳ меравам, баъзе нафарон ба ман «Духтараки қадимӣ» - гуфта муроҷиат мекунанд. Вале ман инро таҳқир намеҳисобам. Чунки муҳити тарбиятёфтаи онҳо нуқс дорад. Шояд ба ақидаи баъзеҳо либоси миллӣ пӯшидан аз ҷамъият ва замона дур шудан бошад, вале ба назари ман ин тарзи фикр комилан ғалат аст. Агар маданияти миллии худро пос доштан нуфузи ҷомеаро паст созад, фарҳанги дигарон эътиборашро магар мебардорад? Ман намегӯям, ки ҳамеша атлас ва чакан мепӯшам, вале кӯшиш менамоям, ки дар либосам нақшу нигорҳои миллӣ дида шаванд».

Имрӯз вобаста ба тамоми фаслҳои сол матоъҳоро бо нақшу нигори миллии тоҷикӣ дарёфт намудан хеле осон аст. Барои ҳамин баҳонае вуҷуд дошта наметавонад, ки либоси миллиро дар сармо ва ё гармо пӯшидан ғайриимкон аст. Дугонаҳои арҷманд, биёед ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки зани тоҷик бо ҳамон либоси хушдӯхти миллиаш зеботару дилработар аст.

Гулшода АБДИЕВА,
коромӯзи “Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Матои синтетикӣ зарар дорад

Матои синтетикӣ зарар дорад

Тандурустӣ ва экология
«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР