Дар як сатр
» » Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

30-01-2017, 16:59


Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро дар соли 2016 ноҳияҳои Ҷайҳун 13 фоиз (ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ) ва Фархор 11 фоиз (2,7 миллион сомонӣ) таъмин карда натавонистанд. Дар ин бора Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мавсуф аз ҷумла гуфт, ки ба 1 январи соли 2017 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Ҷайҳун 1,9 миллион сомонӣ аз музди маош ва 881 ҳазор сомонӣ аз фонди нафақа ва дар ноҳияи Фархор 1,8 миллион сомонӣ аз музди маош ва 1,9 миллион сомонӣ аз фонди нафақа қарздорӣ вуҷуд дорад. «Шуъбаи «Аудит»-и дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилоят дар баъзе ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ санҷишҳо гузаронида, аз ҷумла ба андозаи 1,1 миллион сомонӣ камбудии молиявиро аз ҳисоби пардохти музди меҳнат ва табобатпулӣ ошкор кардааст», - афзуд Х. Наҷмиддинов.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо
Афзоиши шумораи қарздорон

Афзоиши шумораи қарздорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо