Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии масъалаҳои мубрам дар ҷаласаи назди раиси вилоят


Баррасии масъалаҳои мубрам дар ҷаласаи назди раиси вилоят



Дирӯз, 27 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа раиси вилоят сараввал Амирхон Қурбонзодаро, ки дар мувофиқа бо Президенти мамлакат ба вазифаи муовини раиси вилоят таъин гардидааст, ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба муовини навтаъини раиси вилоят дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташ барору комёбиҳо таманно карданд. Қобили зикр аст, ки Қурбонзода Амирхон то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи корӣ ба масъулин дастур доданд, ки раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва пеш аз ҳама, раванди бунёди иншооти баландошёна дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилоятро зери назорат қарор диҳанд.

Ҳамзамон масъулин ба лоиҳаи бунёди иншооти муосир аҳамияти зарурӣ диҳанд. Зимни ҷаласа раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, бо ташкилу баргузор намудани шанбегиҳо, рангубори биноҳои баландошёна, шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар шафати шоҳроҳҳо ба корҳои ободонӣ вусъат бахшида шавад.

Ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки ба кишти баҳорӣ омодагӣ гирифта, ба интихоб ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, кишти картошка, зиёд намудани майдони тутзорҳо, бунёди боғҳо дар талу теппаҳо, тоза кардани ҷӯю заҳкашҳо, таъсиси гармхонаҳо ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо, инчунин оид ба рушди соҳаи чорводорӣ, моҳипарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Вусъат бахшидани марҳилаҳои якум, дуюм ва марҳилаи сеюми эмгузаронӣ, пешгирӣ аз хуруҷи бемории сирояти нави коронавирус, риояи талаботи беҳдоштӣ, омода намудани беморхонаҳо ва захираи маводи доруворӣ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд, ки масъулини сохторҳои дахлдор аз ҷониби раиси вилоят дар ин самт муваззаф гардиданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа барои омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амалии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содирот, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу зҳаракатҳои иртиҷоӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода