Дар як сатр
» » Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

8-01-2015, 16:06

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣТайи як соли охир аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ 43 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 59 нафар ифтитоҳ ёфтааст.

Анвар Назарзода, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи «Хатлон», гуфт, ки аз он миён 4 ҷинояти ифротгароӣ аз дохили муассисаҳои ислоҳӣ сар задаанд. Парвандаи пурсарусадои Қурбон Чолов яке аз намунаҳои он аст.

Гуфта мешавад, аксари афроде, ки ҷиноёти экстремистӣ содир кардаанд, аз 20 то 30 сол доштаанд (33 нафар). Дар он миён аз 18 то 20-сола ду нафар, аз 30 то 40-сола 15 нафар, аз 40 то 50-сола 8 нафар ва синни як нафарашон ҳатто аз 50 боло будааст.

- Феълан 14 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 31 нафар рӯйи даст ҳаст, ки онҳо дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, - афзуд А. Назарзода. – Тибқи маълумоти фаврӣ, 24 нафарашон дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия, 5 нафар дар Покистону Афғонистон ва як нафараш дар Ироқ ширкат меварзанд.

Ба иттилои ёвари прокурори вилоят, ахиран ҷасади Муродалӣ Барфиев, сокини Қӯрғонтеппаро ба зодгоҳаш оварданд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои оппозитсионӣ дар Русия ҷалб шуда, дар амалиётҳои ҷангии Украина иштирок ва кушта шудааст. «Қаблан мо дар бораи ҳузури ин ҷангии тоҷик дар Украина маълумоти фаврӣ доштем ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд. Аммо бинобар фавти Барфиев дар амалиётҳои ҷангӣ, тафтиши ин парванда қатъ карда шуд», - афзуд манбаъ.

Танҳо дар моҳи январи соли 2015 аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, бо моддаи 401, прим 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне ҷалби шаҳрвандон ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, 4 парвандаи нави ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сар ...

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сар ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА