Дар як сатр
» » Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

30-01-2017, 10:37


Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гашт.

Дар ҷамъомад ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раис ва котиби комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Чорабиниро раиси комиссияи ҷамъиятӣ, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳозирин гузориши котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳбуба Исмоиловаро шуниданд. Сипас ҳисоботи комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ оид ба фаъолияти комиссия ва рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 сентяб-ри соли 2013 «Оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 « «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мавриди баррасӣ қарор ёфт. Ҳамчунин нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасдиқ гардид.

Дар ҷамъомад доир ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии фаъ-олияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ҷорӣ намудани фаъолияти доимии видеокамераҳо дар нуқтаҳои ҷамъиятӣ, толорҳои баргузории озмунҳо ва имтиҳонҳои қабули довталабон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии касбӣ, барномаҳои омӯзишию дастурамали маводи ташвиқотӣ барои волидон ва мактаббачагон оид ба масоили зидди коррупсионӣ махсус таъкид рафт. Аз рӯйи масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА