Дар як сатр
» » Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

30-01-2017, 10:20


Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳал мебошад.

…Ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт, тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон ба шуғли пурсамар эътибори ҷиддӣ дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем.

(Аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)


Хуршеди ҷаҳоноро нурҳои заррини хешро саховатмандона ба олам ҳадя мекард. Аз ин шуъларезҳои офтоби зарфишон замину само таровату назокати хоса бардошта, бӯйи гулу настаран, гиёҳҳои шифобахши як гӯшаи зебои Ватан ба Солеҳи ҷавон ҳаловати беандоза бахшида, насими фораму атрогин сару рӯяшро модарона навозиш мекарду ба ёдаш модари меҳрубонаш Муҳаррамхону дигар пайвандонаш расида, беихтиёр қадаммонияшро бештар суръат бахшиду ҷониби кулбаи падарӣ роҳ пеш гирифт. Қалбаш моломоли шодию фараҳ буд, зеро имрӯз дар ноҳияи Зафаробод сохтмони чойхонаи миллиро ба анҷом расонид. Ин нахустин кори мустақилонаи Солеҳ ба шумор мерафт. Аз самараи меҳнаташ шод гардида, ҳама ранҷу талош, бедорхобиҳо, кандани нақшу нигорҳои миллӣ, ки меҳнати хосеро тақозо дошт, фаромӯш гардид. Меҳнати чандмоҳа бор оварду як бинои зебои хуштарҳ қомат афрохт. Ҳамагон ба ҳунари ин ҷавони заҳматпеша аҳсант хонданд. Инак, Солеҳи ҷавон бо қалби пурфараҳ ба хона, назди волидону пайвандон, ба ноҳияи Истаравшан баргашт.

Волидон аз шунидани муждаи нек-анҷоми бунёди чойхонаи миллӣ хушҳол гардида, сари дастурхони пурнозу неъмат ба ӯ дуои нек доданд. Зеро дар хонадони онҳо боз фарзанде тарбия ёфта, тавонист, ки ҳунари аҷдодиашонро идома бахшад. Усто Олим - падари Солеҳ пайваста ба фарзандон аз сулолаи ҳунармандони чирадасташон усто Назару фарзандони усто Холиқ, усто Азиз, усто Орифҷон, усто Содиқ ва усто Аҳмадҷон ёд мекарду қиссаҳо мегуфт. Набераҳои усто Азиз усто Очил, усто Азим ва усто Олим - падари Солеҳ низ ин касби авлодӣ - кандакорӣ ва наққоширо ба фарзандон омӯзонидаву имрӯз аз боровар гаштани орзую омолаш хушнуд буд.

Солеҳ аз овони мактабхонӣ ба сохтани сандуқ, тирак (ғалтак) даст зада, дар ин ҷода муваффақ низ гашта буд. Баъд аз таҳсил ба хизмати Ватан рафта пасон техникуми гидромелиоративии ноҳияи Зафарободро хатм мекунад. Пасон, ҳамроҳи амакбузургаш усто Очил ба бунёди хонаҳои бо тарзи миллӣ ороёфта машғул мегардад. Соли 1986 нахустин чойхонаи миллиро дар ноҳияи Зафаробод ҳамроҳи амакаш усто Очил месозанд.

Ва чойхонаи дувумиро худаш сохта, мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳамин тавр, пас аз дуои неки волидон пурра ба бунёди иншоотҳои сохти меъмории миллӣ оғоз менамояд.

Нақши дастони муъҷизаофари ӯро дар чойхонаи миллӣ, дарвозаи Қаробек дар Истаравшан, бунёду азнавсозии масҷиди Ҳазрати Шоҳ, Мавлоно Усмони Чархӣ, Сабристон, азнавсозии масҷиди ҷомеи Ховосободи Ҷумҳурии ӯзбекистон дидан мумкин аст. Ба ифтихори ҷашни 2500 - солагии Истаравшан чойхонаи миллии деҳоти Гули Сурхи ноҳия, ки бо сабку нигориши махсус бунёд гардидааст, маҳсули ҳунари дастони ин устои чирадаст мебошад.

Барои усто Солеҳ Олимов 24 декабри соли 2004 фаромӯшнопазир дар ҳаёту фаъолияташ буд. Зеро ба ифтихори ҷашни 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ дар шаҳри Кӯлоб чойхонаи миллии «Истаравшан»- ро сохта ба истифода доданд. Чойхонаи «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавии омезиш бо ҳунарҳои миллӣ ва ороиши нотакрораш қалби ҳар бинандаро тасхир месозад. Дар ороиши нигораҳои ин бинои дилфиребу муҳташам низ ҳунари дастони ин ҳунарманд бо як истеъдоди махсус эҳсос мешавад.

Мавсуф низ мисли дигар шаҳрвандони Ватани азизамон аз соҳибистиқлолии меҳан ва ваҳдати миллӣ шукргузор аст. Аз он меболад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ диққати ҳамаҷониба медиҳанд. Ин нукта дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ махсус таъкид шуд.

С. Олимов пас аз шунидани нутқи пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз он хушҳол гардид, ки дар сиёсати Роҳбари давлат эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, кандакорӣ, заргарӣ, адрасбофию қолинбофӣ, кулолгарӣ низ мавқеи хосаро касб намудааст. Солеҳ барин устоҳои чирадасту кандакор метавонанд садҳо ҷавононро аз олами пурасрори ҳунари ниёгон бархӯрдор созанд ва муҳим аз ҳама, баъзе ҳунарҳои садсолаҳо ба олами фаромӯшӣ рафтаро аз нав эҳё созанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ нафареро хӯрок диҳӣ, ба ӯ кор деҳ ва агар хоҳӣ нафареро тамоми умр хӯронӣ, ба ӯ ҳунар омӯзон!».

Воқеан, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имкон медиҳад, ки садҳо нафар ба шуғл фаро гирифта шаванд. Имрӯз дар сар то сари Ватани азизамон корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Махсусан шаҳри Дашанбе - пойтахти Ватани ҷоноҷонамон тайи 15 соли охир симои хешро ба куллӣ тағйир дода, нигине дурахшанда миёни 64 шаҳру навоҳии ҷумҳуриямон гардидааст.

Сиёсати ободгароию созандагӣ ва бунёдкории Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори ин ҳама дастовардҳост. Ва қаҳрамони матлаби мо усто Солеҳ низ аз ин ҳама ободгароию созандагиҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон илҳому неруи бештар гирифта, дар ободонии ин мавзеи афсонавии ватанамон саҳми хешро гузошт. «Кохи Наврӯз» бо санъати меъморӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад ва диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.

Дар корҳои ороишии ин Кохи беҳамто, ки ҷойи баргузории ҷашну санаҳои таърихӣ бо ширкати зиёиён, меҳмонони хориҷӣ ва олиқадр аст, ҳунари дастони усто Солеҳ низ баръало ба чашм мерасад.

Бузургонро бузургон зинда медоранд. Оре С. Олимов аниқ дарк намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мероси пурғановати гузаштагонамон эҳтироми хосае гузошта, баҳри ҳифзу эҳё ва ба ояндагон мерос гузоштани ин дурдонаҳо пайваста тадбир андешида, ҳамагонро низ ҳушдор месозанд, зеро дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо, нигоҳдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ вазифаи ҳар як фарди рӯшанзамиру ватандӯст аст. Ин буд, ки усто Солеҳ дар корҳои азнавбарқароркунии мақбараҳои Нақибхон Туғрал ва Абдулқодири Гургонӣ саҳм гузоштааст.

Лаҳзаҳои беҳтарину хотирмони зиндагиаш вохӯрию суҳбатҳояш бо Роҳбари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Зимни ифтитоҳи коху чойхонаҳои сохти миллӣ Роҳбари давлат аз эъҷози ҳунари волои ин марди боистеъдод изҳори сипос намуда, барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ аҳсант хондаш.

Муҳаррам, модари усто Солеҳ, аз соли 1943 аъзои Ҳизби коммунист буд, раиси Шӯрои занони собиқ ноҳияи Калининобод - ҳозира Ҷамоати деҳоти Деваштичи вилояти Суғдро бар дӯш дошт. Зани фаъол дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ ширкат мекад ва бо кордонию меҳнатдӯстияш миёни ҳамагон соҳибэҳтиром буд. Аз ин рӯ, аз иқдоми неки Роҳбари давлат нисбати дастгирии духтарону бонувон бисёр хушнуд аст, усто Солеҳ Олимов. ӯ пайваста ба пайвандон таъкид медорад, ки бонувону духтарон бояд илму дониш ва ҳунар омӯзанд, то ин ки дар зиндагӣ дарнамонанд.

Аз ин ҷост, ки фарзандонаш ҳама соҳибмаълумотанд. Самеъҷон меъмор асту Саидҷону Собирҷон ҳунари волои аҷдодӣ - кандакориро идома дода истодаанд. Духтаронаш Сурайё, Солиҳа ва Муҳаррам соҳибмаълумоту ҳунарманданд.

Усто Солеҳ ҳар гоҳ ки ба пойтахти ватанамон ва ё ба дигар гӯшаю канори мамлакат сафар мекунад, дар баробари ободониҳо аз дидани ҳунари дастони хеш ба ваҷд меояд ва маъниву лаззати зиндагиро дар ҳамин ободонию бунёдкориҳо ва ҳунарҳои мардумӣ мебинад.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и Ҷамоати деҳоти Д ...

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и Ҷамоати деҳоти Д ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

Хабарҳо