Дар як сатр
» » 18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд

27-01-2017, 11:03

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд


Ба ҳайати устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 4 нафар докторони илм, профессорон шомил шудаанд. То ин сол дар ДЭТ докторони илм ба таври доимӣ дарс намегуфтанд.

Ба иттилои ректори донишкада Хайрулло Назарзода, феълан 126 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 80 нафар омӯзгорони штатӣ, 19 нафар ҳамкорони дохила ва 27 нафар ҳамкорони беруна, аз он 17 номзади илм ва 4 нафар докторони илм дар 7 кафедра кор карда, аз рӯйи 12 ихтисос ба шогирдон дарс мегӯянд. Алҳол миқдори кормандони илмии дараҷа ва унвони илмидоштаи ДЭТ 16,6%-ро ташкил медиҳад.

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд- Дар айни замон масъалаи таъмини ДЭТ бо устодони соҳибихтисоси унвондор яке аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаб мебошад, - илова кард Х. Назарзода. – Ин масъала махсусан барои фанҳои тахассусии соҳаи энергетика ба таври ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Барои ҳалли масъалаи мазкур омӯзгорони ботаҷрибаю унвондор аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетикаи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»-и вилояти Хатлон ва ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа барои фаъолият намудан ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ҷалб карда шудаанд.

Ректори ДЭТ афзуд, ки имсол 8 нафар хатмкардаҳои болаёқати донишкада ҳамчун мутахассиси ҷавон барои кор дар кафедраҳо даъват шуданд.
- Бо вуҷуди он ки дар соли 2016 492 нусха адабиёти гуногуни таълимӣ барои китобхона харидорӣ карда шуд, масъалаи таъмини донишкада бо китобҳои дарсӣ ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, - идома дод ректори ДЭТ. - Айни ҳол дар фонди китобхонаи донишкада 16728 адад китоб мавҷуд аст.

Дар соли сипаришуда 18 нафар омӯзгорони ҷавони ДЭТ барои таҳсил ва коромӯзӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода шудаанд. Дар соли 2016 пас аз гузаштани коромӯзӣ донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада соҳиби ду сертификати байналмилалӣ гардидаанд.

- Раёсати донишкада дар оянда низ тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва Вазорати энергетика ва захираи оби Тоҷикистон тавассути маркази барномаҳои байналмилалӣ тайёр намудани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидоштаро ба роҳ монад, - хабар дод Х. Назарзода.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
12 номзади илм дар ДЭТ

12 номзади илм дар ДЭТ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА