Дар як сатр
» » Дар рафти олимпиада бесарусомонӣ ба назар мерасид

Дар рафти олимпиада бесарусомонӣ ба назар мерасид

27-01-2017, 10:43

Дар рафти олимпиада бесарусомонӣ ба назар мерасид

Вокуниш ба мақолаи «Олимпиадаи байналхалқӣ»: «санҷиши неруи зеҳнӣ ё маъракаи пулғундорӣ?»

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақолаи Носирҷон Маъмурзода, аз 11 январи соли 2017, таҳти №2 «Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳнӣ ё маъракаи пулғундорӣ?»-ро дар ҷаласаи назди сардори Раёсат бо иштироки кормандони раёсат баррасӣ намуд. Иттилоъ медиҳем, ки ташкилкунанда ва баргузоркунандаи Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (IMAS-2016) дар вилояти Хатлон Шӯрои иҷроияи ОБММ (Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика) ва муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дар-ёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тестҳои он аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ОБММ омода карда шудаанд. Тарҷумаи тестҳо ба забони тоҷикӣ низ аз ҷониби кормандони Шӯрои иҷроияи ОБММ дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» сурат гирифтааст. Мувофиқи фасли 7-и Низомномаи Олимпиада «…барои воридшавӣ ва иштирок дар давраи аввали олимпиада аз ҳар иштирокчӣ 10 сомонӣ ва дар даври дуюм 20 сомонӣ…» муқаррар гардидааст. Бояд гуфт, ки ин маблағ ба суратҳисоби раёсати маориф ворид намешавад.

Дар мавриди иштирокчиёни Олимпиада бояд зикр кард, ки дар ҳақиқат теъдоди хоҳишмандон барои иштирок дар Олимпиада беш аз 1000 нафарро ташкил медод, зеро дар мактуби директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди имстеъдодҳо» таъкид гардида буд: «Дар Олимпиада шумораи иштирокчиён бемаҳдуд буда, хонандагони синфҳои 4-9 иштирок карда метавонанд».

Аз ин рӯ, барои нусхаафзоӣ кардани варақаҳои тестӣ вақти бештар лозим омад. Ин боиси дертар оғоз гардидани Олимпиада шуд. Воқеан, бесарусомонӣ дар рафти Олимпиада ба назар мерасид ва баъзе далелҳои дар мақола дарҷшуда қисман ҷой доранд.

Тазаккур бояд дод, ки масъулияти назорати Олимпиада бевосита ба уҳдаи кормандони Шӯрои иҷроияи ОБММ вогузор шуда буд. Кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят танҳо ба таъмини иштирокчиёни Олимпиада масъул гардонда шуда буданд.

Ҳ. ВАЛИЗОДА,
сардори Раёсати маорифи
вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

Хабарҳо, Маориф ва илм, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беш аз 50 медали толибилмони хатлонӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Беш аз 50 медали толибилмони хатлонӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
2016 – Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

2016 – Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Маҳфили «Модар - сароғози зиндагӣ» дар Қӯрғонтеппа

Маҳфили «Модар - сароғози зиндагӣ» дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм