Дар як сатр
» » Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)

Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)

27-01-2017, 10:34

Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)


Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли гузашта 152 килову 107 грамм воситаҳои нашъаовар, аз ҷумла 4 грамм героин, 89 килову 653 грамм афюн, 62 килову 450 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 128 килову 608 грамм кам аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуд.

Мувофиқи ҳисоботи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 450 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шуд, ки 18 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 474 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта, 1 тоннаю 617 килову 604 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.

Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)
Тавре ки дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дода шуд, дар Русия 11 нафар сокинони вилояти Хатлон бинобар даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гашта, аз онҳо 11 килову 339 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ин шумора 1 нафар сокини ноҳияи Вахш, 1 нафар сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 6 нафар сокинони ноҳияи Ёвон, 2 нафар сокинони шаҳри Норак ва 1 нафар сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шудаанд.

Зафар Сайфуллозода, иҷрокунандаи сардори Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар соли 2016 дар Ҷумҳурии Афғонистон майдони кишти кӯкнор 201 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 10 фоиз зиёд аст. Ҳамин тариқ, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави вилояти Хатлон 14 шаҳрвандони Ҷумҳурии Афғонистон дастгир шуда аз онҳо ба миқдори 383 килограмм маводи мухаддир безарар гардонида шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар доираи амалиёти «Кукнор 2016» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 222 ҳолати гардиши ғайриқонунӣ ошкор карда шуда, 797 килову 317 грамм маводи нашъаовар, 55 бех растании ниҳоли нашъадор ва 4 ҳазору 330 адад ҳасибҳои психотропӣ ёфта мусодира карда шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар мубориза бо нашъамандӣ коҳил набошем (видео)

Дар мубориза бо нашъамандӣ коҳил набошем (видео)

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА