Дар як сатр
» » «Мулло-табибон» муҷозот шуданд

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

8-01-2015, 15:41

«Мулло-табибон» муҷозот шудандНисбати 7 нафар «домулло-табибон» дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, онҳо ба муҷозот кашида шудаанд.

Ба иттилои манобеи прокуратураи вилояти Хатлон, ҳамзамон дар соли гузашта 6 нафари дигар, ки худро «мулло» номида, ба «табобат»-и шаҳрвандон машғул мешудаанд, низ парвандаҳои маъмурӣ кушода шуда, онҳо ҷарима шудаанд.

- Он наворҳои фаҳшое, ки дар интернет бо иштироки чунин «мулло-табибон» нашр шудаанд, кори дасти худи кормандони Ҳизби наҳзати исломӣ аст, - зикр кард манбаъ дар прокуратураи вилоят. – Мутаассифона, баъзе ба ном «муллоҳо» бидуни доштани маълумоти тиббӣ мардумро роҳгум занонда, ба шарафи баъзе «корафтодаҳо» дастдарозӣ кардаанд.

Сироҷиддин Нурзода, прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки гузоришҳои телевизионӣ оид ба ҳаракатҳои бадахлоқонаи чунин «муллоҳо» аз доираи қонун ва одоб берун набуда, ба хотири адаб додани муллоҳои дигар, мардум ва огоҳ кардани онҳо аз чунин фиребу найрангҳо пахш шудаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА