Дар як сатр
» » Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад

Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад

26-01-2017, 15:52

Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад


Раиси ноҳияи Вахш ба хонаводаи бобои Қаюмшоҳ Ҳалимов, ки дар синни 92 падари дугоникҳо Билолу Ҳилолбӣ шудааст, ваъдаи ироа намудани қитъаи замин барои бунёди манзилро додааст.

Ин иқдомро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш пас аз нашри матлаби «Бобои 92-сола соҳиби дугоник шуд» дар рӯзномаи «Хатлон» (№1, аз 1 январи соли 2017) гирифтааст.

Саидбек Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Вахш, зимни суҳбат бо идораи рӯзномаи «Хатлон» иброз дошт, ки воқеан ҳам пас аз нашри мақолаи мазкур раиси ноҳия тасмим гирифт, то ба бобои Қаюмшоҳ замини наздиҳавлигӣҷудо намояд. «Барои амалӣ шудани ин иқдом танҳо хаттӣ муроҷиат кардани бобои Қаюмшоҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур асту халос», - зикр кард С. Абдуллозода.

Ахиран Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Вахш, зимни нишасти матбуотӣ оид ба мақолаи марбут ба бобои Қаюмшоҳ суҳбат намуда, тасмими худро барои ироа намудани қитъаи замин ба хонаводаи ин иштирокчии ҶБВ тасдиқ кард.

Қудратулло Абдуллоев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Вахш, дар як тамоси телефонӣбо рӯзномаи «Хатлон» қайд намуд, ки «пас аз нашри матлаби рӯзнома шахсан худи ман чанд дафъа бо масъулони ҷамоат ба аёдати Қ. Ҳалимов рафтем ва баъзе кумакҳоро расонидем. Ба наздикӣбоз ҳадяе аз ҷониби Шӯрои собиқадорони Ҷангу меҳнати вилоят ба унвонии Қ. Ҳалимов равон гашт, ки онро низ бурда мерасонем».

Саидаҳмад Ҳалимов, писари бобои Қаюмшоҳ, ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод, ки падарашро ниҳоят пас аз 14 соли иқоматаш дар ноҳияи Вахш, ба қайди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат гирифтанд. «Воқеан, пас аз нашри матлаби рӯзнома аз ҳоли падарам бештар хабар мегирифтагӣ шуданд ва ваъдаҳо шуд, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии хонаводаи падарам мусоидат мекунанд. Ташаккур ба рӯзномаи «Хатлон»», - зикр кард С. Ҳалимов.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Давлати пирӣ»?

«Давлати пирӣ»?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ