Дар як сатр
» » Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)

26-01-2017, 11:07

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)


Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 70-солаи тоҷик, ки барои гирифтани маълумоти 7-ум имсол ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил шуд, бо ғайратмандӣ, шавқи илмомӯзӣ ва серталабии худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузошт.

Бобои Ғуломҳайдар истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Дӯстӣ аст. Баъди 24 соли фаъолияти агрономӣ ӯ дар МТМУ№30-и зодгоҳаш омӯзгор шуда ба хонандагори синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Бобои Ғуломҳайдар шояд ягона нафаре дар Тоҷикистон бошад, ки дипломи шаш муассисаи таълимӣ - коллеҷи кишоварзӣ, коллеҷи технологӣ, омӯзишгоҳи ҳарбӣ, техникуми кишоварзӣ, коллеҷи омӯзгорӣ ва факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро дорад.

Ба ин нигоҳ накарда, имсол бобои Ғуломҳайдар ҳуҷҷатҳояшро ба ихтисоси забони русии факултети забонҳои хориҷӣ супурд. Ӯ аввалин ва ягона нафарест, ки дар синни бознишастагӣ дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав таҳсил дорад. Аз ин рӯ, ба бобои Ғуломҳайдар раёсати донишгоҳ имтиёз додааст, ки тибқи он ӯ танҳо 50%-и маблағи шартномаи таҳсилро пардохт мекунад.

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)

- Боре аз оинаи нилгун марди 74-солаи русеро нишон доданд, ки маълумоти 6-умашро мегирифт, - мегӯяд бобои Ғуломҳайдар. - Худ ба худ гуфтам, ки мо – тоҷикон низ дар ин синну сол метавонем ба донишгоҳ дохил шуда, онро ба итмом расонем. Хондан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Бо ин мақсад ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа дохил шудам. Дар он вақт намояндаи шабакаи телевизионии «Мир» зимни таҳияи гузорише дар бораи банда суол дод, ки «баъди хатми факултети филологияи тоҷик боз таҳсилро давом медиҳед ё не?». Ваъда додам, ки баъди хатми факултети филологияи тоҷик хонданро дар ихтисоси забони русии факултети забонҳои хориҷӣ давом медиҳам. Инак, ҳоло дар курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ таҳсил дорам.

Ин донишҷӯи 70-сола дар идома суҳбат гуфт, ки дар замони ҷавониаш аз шароит ва имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳ бархӯрдор набуд. «Фарзандонро калон кардем, масъулияти падариро иҷро намудам. Акнун фурсат барои такмили худ фаро расид. Пас аз реҳлати ҳамсарам, ки муттакои ман буд, қарор додам, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунам. Дар баробари кори мактаб соле ду маротиба ба донишгоҳ омада, дар бахши ғоибона таҳсил мекунам. Маълумоти олидор шуданам ба замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост омад, ки аз ин шукрона мекунам», - афзуд Ғ. Искандаров.

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)Саломат Абдуллоева, декани факултети забонҳои хориҷии ДДҚ ба номи Носири Хусрав, мегӯяд: «Вақте ки бори аввал ба синфхонаи донишҷӯёни соли сеюм ворид гаштам, рости гап, дар ҳайрат мондам. Зеро дар паси мизи донишҷӯӣ нафаре менишаст, ки ҳатто аз ман калонсол буд. Надонистам, ки ба ин донишҷӯ чӣ гуна муроҷиат намоям. Ӯро «устод» номидам. Бо забони русӣ саволу ҷавоб ҳам кардем, аз ӯ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтам».

Бобои Ғуломҳайдар дар бахши ғоибонаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ҳамроҳ бо ҷавонони аз 25 то 40-сола таҳсил мекунад ва ба гуфтаи ҳамсабақонаш, борҳо бартарии дониши худро ба онҳо нишон додааст.

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)- Ғуломҳайдар Искандаров ҳам дар дарсҳои маърӯзавӣ ва ҳам дар дарсҳои амалӣ фаъол аст, - иброз дошт Исфандиёр Ҷонмаҳмадов, омӯзгоре, ки ба бобои Ғуломҳайдар дарс мегӯяд. - Новобаста аз он ки синну солаш бузург аст, дар дарсҳо баробари ҷавонон кӯшишу ғайрат нишон медиҳад ва бисёр фаъол аст.

- Ҳоло ҷавонон, донишҷӯён шояд кам китоб хонанд, - мегӯяд донишҷӯи 70-сола. - Дар замони шӯравӣ китобхонӣ зиёд буд. Шояд ҳамон таҳкурсӣ аст, ки ҳоло дар таҳсил мушкил надорам. Мехоҳам, ки донишҷӯён ва ҳамкурсонам низ фаъолу донишманд бошанд. Устодон бо ман муносибати хуб доранд. Ҳарчанд маро «бобо» гӯянд ҳам, вале дар вақти санҷишу имтиҳон бо ман баробар бо донишҷӯён муносибат мекунанд. Санҷишу имтиҳонҳоямро сари вақт месупорам, зеро худ шавқи омӯхтан дорам.

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)


Фазлиддин ва Соима, ҳамкурсони Ғуломҳайдари 70-сола, ба ӯ гоҳе «бобо» ва баъзан «Искандаров» гӯён муроҷиат мекунанд. Бо вуҷуди тафовути зиёд дар синну сол, ӯ дар муошират бо ҳамкурсон мушкил надорад. Бисёр самимист.


Бобои Ғуломҳайдар айни таҳсил дар Қӯрғонтеппа дар манзиле бо ҳамкурсонаш иҷора мешинад. Дар ҳуҷра бошад, навбатдорӣ ташкил намуда, ҷавононро ба илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва анҷом додани корҳои шоиста ташвиқ мекунад.

Комрони БАХТИЁР,
рӯзномаи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм