Дар як сатр
» » 102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

26-01-2017, 09:42

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат


Бо мақсади таъмини бехатарии меҳнат аз ҷониби нозирони меҳнати Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ, новобаста аз шакли моликияташон санҷиш гузаронида, 677 қоидавайрокунӣ ба қайд гирифта, нисбати 301 нафар роҳбарони корхонаву муассисаҳо амрнома дода шуд, ки аз он 102 ҳодисаи вайрон намудани ҳифзи меҳнат ошкор гардид.

Фаъолияти бахши меҳнати Шӯро ва нозирони кумитаи соҳавӣ якҷоя бо Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон нишон дод, ки то ин давра 27 ҳодисаи нохуш рух додааст. Дар натиҷа 17 нафар фавтида, 10 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ба фавтидагон кумакпулӣ ба андозаи 23200 сомонӣ ва ба ҷароҳатгирандагон кумакпулӣ ба андозаи 36913 сомонӣ муайян шуда, маводҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидааст.

- Дар Шӯро ва кумитаҳои соҳавӣ 162 муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, - иброз дошт Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ. - Ин муроҷиатҳо ба масоили расонидани ёрии модӣ, роҳхати табобатӣ, оид ба сари вақт пардохт нагардидани нафақа, музди меҳнат ва дар бораи нодуруст аз кор озод намудан марбут мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар таътили тобистона ба истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ 426 нафар кӯдакону наврасон ба маблағи 75500 сомонӣ ва дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ 802 нафар ба маблағи 391072 сомонӣ фаро гирифта шудаад.

Дар соли сипаришуда Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба он муваффақ гардид, ки сохторҳои иттифоқҳои касаба мустаҳкам карда шуда, сафи аъзои он афзоиш ёфт ва фаъолияти ҳамаи сохторҳои иттифоқҳои касаба сифатан беҳтар ба роҳ монда шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо