Дар як сатр
» » Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

26-01-2017, 09:30


Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Тоҷикистон кишвари ҷавон аст ва 70 фисади аҳолии онро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин қишри ҷомеа аз мадди назари роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд.

Басо ҳам рамзист, ки сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонпарварона аст. ӯ ба нерӯи ҷавонони кишвар боварии бузург дошта, ҳанӯз аз нахустсуханонаш дар ҷаласаи таърихсози Хуҷанд дар дили ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун пайкари осоиштагию амният, таҳкимбахши сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардида, мавқеи хоса касб намуда, дар афкори ҷавонони муосири кишвар чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои миллат бори дигар ҷавононро хушнуд намуд.

Эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” туҳфаи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонони саодатманди кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як ҷавони баору номусро вазифадор менамояд, ки баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияту суботи ҷомеа, пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ тамоми кӯшишу талош ва дониши хешро равона созад.

Ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода намояд. Зеро, бахшидани як сол барои ҷавонон баҳри рушди босуботи ҷавонони кишвар дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда, кори басо ҳам бузург буда, бори дигар исботи он мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони саодатманди кишвар боварию эътимоди қавӣ дошта, аз онҳо ифтихор менамояд. Бояд гуфт, ки чунин ғамхорӣ шахсан аз тарафи Президент, ба ҷуз Тоҷикистон, дар ягон кишвари дунё дида намешавад.

Азн рӯ, барои ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан ҳар як ҷавони кишварро мебояд бо амалҳои нек баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, химия, астрономия, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ, аз қабили русию англисӣ, чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда донишманд ва мутахассиси арзанда шуда, дар раванди давлатдории навин бо саҳмгузорӣ мавқеи хосаро касб намояд.

Ин иқдоми Президенти мамлакат, ки соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуд, ҳамчун соли «Ҷавонон – пайрави пешвои миллат» буда, ҷавононро зарур аст, ки аз оғози сол ба мутолиаи китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сар карда, осори сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва равиши зиндагии ҷавонмардонаи онро мавриди омӯзиш қарор дода, сармашқи кори ҳаррӯзаи худ баҳри зиндагии шоиста истифода намоянд.

Эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик абадӣ боқӣ монда, дар пешрафти ҳаёти имрӯзу фардои ҷавонони кишвар нақши назаррас хоҳад дошт.

Шоҳзод РАҲИМОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонони
Раёсати ҷавонон, варзиш ва
сайёҳии вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони  ...

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад ...

Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо