Дар як сатр
» » Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

25-01-2017, 15:13

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён


Ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи фарҳанг»-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Муҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, қайд намуд, ки Пешвои миллат аз эътимоду боварии худ нисбат ба ҷавонон зикр намуданд, ки ин натиҷаи сиёсати оқилонаи Ҳукумат дар муносибат бо ҷавонон мебошад. Бо иқдоми Пешвои миллат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардид. Ин нуктаро муждаи меҳварии Паёми имсола номида метавонем ва ин як омили такондиҳанда дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар мебошад. Зеро ҷалби неруи ҷавонон дар раванди бунёду таҳкими кишвари соҳибистиқлол дилгармиву ҳавасмандсозии ҷавонон ва дар роҳи садоқатмандӣ камол ёфтани онҳо мебошад.

«Натиҷаҳои заҳматҳои Пешвои миллатро ҳамасола аз рӯи паёмҳои пешниҳодгашта қиёс намудан мумкин аст. Масалан, дар Паём зикр гардид, ки музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд, ки ин натиҷа барои як кишвари аграрӣ–саноатӣ комёбии назаррас мебошад. Ҳамчунин, дар ин самт ба соҳаҳои муҳими пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ба монанди маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат диққати махсус дода шуд, ки дар сиёсати феълӣ дурнамои некро фарогиранд.» - афзуд Абдураҳмон Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Анвар Тағоймуродов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи зарурати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандӣ, мубориза бар зидди коррупсия суханронӣ намуд. Аз ҷумла, таъкид дошт: «Сарвари кишвар аз ҳанӯз ҷой доштани коррупсия дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ изҳори нигаронӣ намуд. ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Таъкид карда шуд, ки дар мубориза зидди коррупсия на фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми аҳли ҷомеа бояд саҳмгузор бошад».
Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

- Дастгириву ғамхорӣ нисбат ба бонувон дар Паёми имсола бори дигар таъкид гардидааст, - иброз дошт Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон. – Инчунин, таъкид шуд, ки занон дар кишвари мо метавонанд на танҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва соҳаҳои дигаре, ки маъмулан кор мекунанд, балки дар ҳама соҳаҳои дигари масъули истеҳсолоту хоҷагии халқ низ самаранок кор карда, ба ҷомеа манфиат оранд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари гурӯҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Дӯстӣ

Сафари гурӯҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Дӯстӣ

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Э. Раҳмон: «Синни миёнаи дарозумрӣ дар кишвар ба 73,5 сол расидааст»

Э. Раҳмон: «Синни миёнаи дарозумрӣ дар кишвар ба 73,5 сол расидааст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Мулоқоти вакилони парлумон бо интихобкунандаҳо

Мулоқоти вакилони парлумон бо интихобкунандаҳо

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА