Дар як сатр
» » Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбон

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбон

8-01-2015, 15:25

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбонДар робита ба қазияи гаравгонгирии чор сарбози қисми сарҳадбонии воқеъ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, муовини сардори дидбонгоҳи сарҳадии ин қисми низомӣ, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Масъулони прокуратураи ҳарбӣ мегӯянд, ки А. Додокалонов ба ҳабс гирифта шуда, парвандаи ҷиноятии ӯ дар ҳоли таҳқиқ аст. Аммо дар робита ба ин ки А. Додокалонов дар чӣ ҷурме муттаҳам дониста мешавад, ҷузъиёте ироа нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони прокуратураи вилояти Хатлон бо зикри исми чаҳор сарбози рабудашудаи тоҷик мегӯянд, ки барои раҳоии онҳо аз асорати гурӯҳи толибони Афғонистон талошҳо идома доранд.

Ин сарбозон Калонов Фарҳод Мухторович (соли таваллудаш 1998), Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич (соли таваллудаш 1994), Давлатов Сироҷ Исломиддинович (соли таваллудаш 1991) ва Нурбоев Туйчибой Абдуллоевич (с.т.1996), сокинони ноҳияи Қумсангир, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд будаанд.

Дар робита ба ин қазия аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 18 декабри соли 2014 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Ин парванда бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноятии кишвар, яъне моддаи 195, қисми 2 ( Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ), моддаи 181, қ. 3 (ғасби гаравгон, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил), моддаи 289, қ.4 (контрабанда (қочоқ), аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва моддаи 335, қ. 2 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи муташаккил ё бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он) ифтитоҳ ёфтааст.

Ба иттилои расонаҳо, 4 марзбони тоҷикро шоми 19 декабр як гурӯҳи мусаллаҳ дар марзи вулусволии Имом Соҳиб ба асорат гирифт. Гуфта мешавад, ки ин марзбонон ҳини ҷамъоварии ҳезум рабуда шудаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар сӯҳбат бо ВАО гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамаҷониба музокира пеш бурда истодаанд, то сарҳадбонон ҳарчӣ зудтар пас гардонда шаванд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Оғози мурофиаи судии 13 нафари гумонбар ба барафрохтани парчами «Давлати ис ...

Оғози мурофиаи судии 13 нафари гумонбар ба барафрохтани парчами «Давлати ис ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сарбозҳои асируфтода раҳо шуданд

Сарбозҳои асируфтода раҳо шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Хабарҳо
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА