Дар як сатр
» » Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

25-01-2017, 10:59


Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар соли таҳсили 2016-2017 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон 232 омӯзгор намерасад. Дар ин бора Ҳокимхон Вализода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ҷараёни нишасти хабариаш иттилоъ дод.

Ба қавли манбаъ, ин норасоӣ бештар аз фанҳои забони англисӣ (45 омӯзгор), физика ва астрономия (41 омӯзгор), математика ва алгебра (40 нафар), забони русӣ (28 нафар), химия (22 омӯзгор), технологияи информатсионӣ (16 нафар), таърих (10), биология (9), забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, синфҳои ибтидоӣ (5-нафарӣ) ва алифбои ниёгон (1 нафар) мебошад.

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст- Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба воситаи ҷалби мутахассисони ҷавон бартараф намудани норасоии кадрӣ дар таълимгоҳҳо мебошад, - зикр кард Ҳ. Вализода. - Дар соли таҳсили 2016-2017, тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 988 нафар аз донишгоҳҳо (137 нафар тибқи квота), 317 нафар аз коллеҷҳо, ҷамъ 1305 нафар аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шудааст. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба ҳолати 1 декабри соли 2016 аз донишгоҳҳо 642 нафар ва аз коллеҷҳо 189 нафар, ҷамъи умумӣ 916 нафар (70%) ба ҷойи кор ҳозир шуданд. 289 нафар мутахассисони ҷавоне, ки роҳхат доранду дар рӯйхат нестанд ва 456 нафар бе роҳхат қабул карда шуда, ҷамъи умумии ҳозиршудагон 1661 нафар мебошад. Айни замон 388 нафар мутахассисони ҷавон бе сабаб ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ намондани назорат, махсусан дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳо, талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 майи соли 2006, №269, «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон» ба пуррагӣ иҷро нагардидааст. «Дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба мутахассисони ҷавон барои ташкили хоҷагии ёрирасон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод нашудаанд. Ҳолати ба омӯзгорони ҷавон бенавбат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, боғдорӣ ва полезикорӣ низ ба талабот ҷавобгӯ нест», - зикр намуд Ҳ. Вализода ва иттилоъ дод, ки дар муддати 10 соли амали ин қарори Ҳукумат ҳамагӣ 1933 нафар омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд, ки ин 4,7%-и омӯзгорони вилоятро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд ба 109 нафар, Кӯлоб ба 67, Восеъ ба 247, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба 91, Фархор ба 360, Данғара ба 109, Шамсиддини Шоҳин ба 65, Темурмалик ба 61, Муъминобод ба 53, Ховалинг ба 45, Вахш ба 89, Бохтар ба 41, Ҷайҳун ба 170, Шаҳритуз ба 36, Абдураҳмони Ҷомӣ ба 92, Ёвон ба 37, Балҷувон ба 44 нафар омӯзгорони ҷавон замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудаанд. Аммо шумораи омӯзгорони ҷавони дар навбатбуда ва ниёзманд хеле зиёд будааст.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Дар мактабҳои вилоят 777 омӯзгор намерасад

Дар мактабҳои вилоят 777 омӯзгор намерасад

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА