Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем»

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем»

25-01-2017, 11:53

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем»


Ҳафтаи гузашта раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қабули сайёри хешро дар ноҳияи Бохтар доир намуда, арзу матлаби сокинони маҳалро шунид.

Сокинони ноҳия доир ба масъалаҳои марбут ба бунёди роҳҳо тариқи ҳашар, таъсиси гармхонаҳо, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайраҳо ба роҳбари вилоят арзи матлаб намуданд.

Тоҳир Исоқов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Парвиз Бахтиёр» аз Ҷамоати деҳоти Заргар тасмим гирифтааст, ки 0,50 га замини хоҷагии деҳқониашро ба парвариши зироатҳои ситрусӣ равона созад. Ин иқдоми хоҷагидор аз ҷониби раиси вилоят ба хушӣ пазируфта шуд.

Абдуҳалим Мунавваров, раиси маҳаллаи Малик Гиёев, Ҷамоати деҳоти «Ориён» иброз дошт, ки бо аҳли деҳа соҳибкорон тасмим гирифтанд, 2 км роҳи маҳалро асфалтпӯш намоянд, ҷиҳати таъминоти техника ба дастгирӣ ниёз доранд. Бобати ҳалли масъалаи мазкур низ роҳбари вилоят масъулини соҳаро вазифадор сохт.

Сунатулло Ҳабибов, сокини деҳаи Сулҳобод, Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод», арза дошт, ки нисбати ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ 3 сол пеш муроҷиат намуда, то ҳол қазияи мазкур роҳи ҳалли хешро наёфтааст. Раиси вилоят аз масъулин нисбати масъалаи мазкур пурсиш ба амал оварда, баҳри ҳалли он тариқи қонунҳои амалкунанда дастур дод.

Рустам Мирзохонов аз деҳаи Меҳробод, Ҷамоати деҳоти «Сарвати истиқлол» доир ба ҷудо кардани саҳми худ ва таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ба раиси вилоят арза дошт. Ҳамин тавр Назар Исмоилов аз деҳаи Сари чашмаи Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор» иброз дошт, ки тариқи ҳашар бунгоҳи тиббӣ бунёд намудаанд, агар имкон бошад, бо таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин созанд.

Исроил Тӯраев аз Ҷамоати деҳоти Бустонқалъа барои ҷудо кардани замин барои сохтмони сехи дӯзандагӣ дархост намуд. Дар ин радиф Ҳасан Расулов як тан соҳибкор оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди маркази хизматрасонии техникӣ ба Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муроҷиат намуд.

Раиси вилоят оид ба ҳалли масъалаҳои аз ҷониби сокинони ноҳияи Бохтар пешниҳодшуда тибқи талаботи қонуну санадҳои муайянгардида ба масъулин супориши қатъӣ дод. Тавре ки роҳбари вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ироа дошт, ҳадаф аз ин сафар ба ноҳияи Бохтар қабл аз ҳама шунидану баррасии арзу шикояти шаҳрвандон аст. Ба ин хотир роҳбарону масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ низ даъват шудаанд, то ин ки масъалаҳои мавҷударо ҳаллу фасл созем, таъкид дошт раиси вилоят.

Сипас роҳбари вилоят доир ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия таи соли сипаригардида ёдовар гардида, ироа дошт, ки сафарҳои кории Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Бохтар файзу баракат, пешравию комёбиҳои назаррас ба бор овард. Таъсису бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ далели ин гуфтаҳост. Аз 39 муассисаҳои олии даврони соҳибистиқлолии кишвар таъсиси Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар боиси сарфарозист. Зеро ин донишкада метавонад кадрҳои баландихтисоси соҳаи энержиро тарбия намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии роҳбарияти давлат заминагузорӣ намоянд.

Роҳбари вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Бохтар доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки даҳ соли аввали истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Чуноне ки роҳбари вилоят таъкид дошт, танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ ба 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд.

Ҳамчунин роҳбари вилоят ироа намуд, ки дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор ёфт. Дар самти кишоварзӣ низ дастовардҳо назаррас буд.Тибқи барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд. Мавсуф таъкид дошт, ки таҷдиди неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз ёфта, соли равон марҳилаи якуми барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ шурӯъ мегардад. Чуноне ки дар мулоқот зикр гардид, оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор меравад ва имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз вусъати тоза касб намудааст. Доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳарф зада Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки соли 2016 даромади буҷаи вилоят беш аз 1 миллиард сомониро дар бар гирифт.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ соли 2016 ба 11,7 миллиард сомонӣ расида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 миллиарду 801 миллион сомониро ташкил додааст, ироа гардид дар ҷамъомад. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, ки иқтидорҳои нави саноатӣ бештар гардида, бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои нави саноатӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис бояд дод.

Ҳамин тавр раиси вилоят ба масъулини ноҳияи Бохтар бобати дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Паёми навбатии Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Бохтар

Қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Бохтар

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА