Дар як сатр
» » Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист

Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист

24-01-2017, 09:31


Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» басо ба маврид гуфтаанд: «Мо бояд барои фардои нек, рӯзгори осуда ва мамлакати пешрафтаи худ бо умеду боварӣ заҳмат кашем».

Масъалае, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, даст задан ба худсӯзиву худкушӣ, хушунати оилавӣ ва оқибат ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ҷомеаро зарур аст, ки қабл аз ҷавононро ба зиндагии мустақил гусел намудан, ба онҳо каму костии зиндагиро сабақ омӯзад, дар ягон ҳолат ба ҷудошавии онҳо роҳ надиҳад ва роҳи мусолиҳаи онҳоро пайдо намуда, фарзандони онҳоро аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум нанамояд. Худованд дар Қуръони карим дар сураи Нисо дар ояти 128 мефармояд: Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон «...Ва сулҳу хайрун» ва сулҳ кори беҳтар аст. Аз ин хотир мо бояд ҳамеша сулҳҷӯ бошем.

Худованд дар Қуръони карим дар сураи бақара дар ояти 195 мефармояд: Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон «...Ва ло тулқу би айдикум илатаҳлукати» Ва хештанро ба дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маафканед. Фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ ба ин ақидаанд, ки бояд олимони машҳуру маъруфу пешво дар ҷанозаи даст ба худкушизада пеш надароянд.

Дар ҷаҳон худкушӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷамъият буда, аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногун мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор мегирад. Мутаассифона, имрӯз ҳастанд нафароне, ки дар ҷомеа даст ба ин амали номатлуб мезананд.

Ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар ҷомеа одамоне пайдо мешудаанд, ки худро ба қатл мерасонданд. Давлат, дин ва аҳли ҷомеа ин амали зишти онҳоро сахт маҳкум менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки ҷиҳати пешгирии падидаи номатлуб корҳои муайянеро ба сомон расонанд.

Масалан, дар як ривояти юнонӣ омадааст, ки замоне дар яке аз шаҳрҳо ҳодисаҳои худкушӣ миёни юнонидухтарҳо зиёд гардидааст. Ҳокими шаҳр аз ин амали онҳо дар ташвиш афтода, ҳукм баровардааст, ки минбаъд агар касе ин амалро анҷом диҳад, тани урён ӯро дар майдони асосӣ ба намоиши ҳама гузоранд.

Дини мубини Ислом амали худкуширо ҳаром ва зишт шумурда, оятҳои қуръон ва аҳодиси набавӣ бар зишт ва нодуруст будани ин амал далолат мекунад. Дар Қуръони карим дар сураи Нисо дар оятҳои 29 ва 30 омадааст: Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон «...Ва ло тақтулу анфусакум инналлоҳа кона бикум раҳимо. Ва ман яфъал золика ъудвонан ва зулман фасавфа нуслиҳи норан ва кона золика алаллоҳи ясиро» Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо Меҳрубон аст. Ва ҳар ки ба бедодӣ ва ситам чунин кунад, ӯро ба дӯзах дарорем; ва ин кор бар Худо осон аст.

Дини мубини Ислом ин амалро маҳкум намуда, шахсе, ки ба ин амал даст мезанад, мукофоташ аз ҷониби Парвардигор ҷаҳаннам аст. Худкушӣ нофармонӣ ва сарпечӣ аз фармудаҳои Парвардигор аст, касе, ки даст ба худкушӣ мезанад, ба азоби Худо гирифтор хоҳад шуд. Худкушӣ дар ҳолати ноумедӣ сар мезанад, ноумедӣ аз Парвардигор аз бузургтарин гуноҳон аст, ки дар радифи ширк ва куфр қарор мегирад.

Паёмбар (с) мефармоянд: «Он ки худро бикушад, хештанро дар оташи ҷаҳаннам куштааст ва он ки ба найза худкушӣ мекунад дар оташи ҷаҳаннам аст». Дар девони Шамси Табрезӣ чунин омадааст:

Ман ба худ но-омадам ин ҷо, ки ба худ боз равам,
Он, ки овард маро боз барад дар Ватанам.


Ашхосе, ки даст ба худкушӣ мезанад, зидди иродаи Худо баромада, худ аз биҳишт рӯ мегардонад.

Барои чунин амал ҷазо аз ҷониби Парвардигор ҷаҳаннам аст, ӯ дар ҷаҳаннам маҷбур мешавад, ки боз чанд бори дигар ин амалашро анҷом бидиҳад. Паёмбар (с) дар ҳадисҳои муборак фармудаанд: «Ҳар касе бо ҳар роҳе худро кушт, бо ҳамон шакл ҷазо мегирад. Заҳрхӯрда фақат заҳр мехӯрад, бадоровехта ҳамеша ба дор аст.

Ҳеҷ яке аз Шумо талаби марг накунед, ҳеҷ гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро маҷбуран падруд гӯед, умед ба таманнои подош низ нобуд мегардад».

Ба қавли дигар низ дар замонҳои пеш шахсе, ки гирифтори бемории вазнин буд, худро бо корд ба ҳалокат расонид. Паём омад, ки бандаи ман марги худро тезонид, пас дар биҳишт барои ӯ ҷой нест. Барои ӯ ва касоне мисли ӯ дарҳои биҳиштро бастам.

Намудҳои худкушӣ хело зиёданд ва метавон чанде аз онҳоро зикр намуд ба монанди як қисм ҷавонони гумроҳе, ки худро дар ҷангҳо тарконидан, бадоровехтан, аз баландӣ худро ба поён андохтан, ғарқкунӣ, сӯзонидан, буридани рагҳо, беш аз андоза истеъмоли дору, заҳр хӯрдан ва ғайраҳоро метавон ном бурд, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидаанд.

Зиндагӣ ва ҳама он чизе, ки дар дохили он аст, баъзан инсонро бо мушкилоте рӯ ба рӯ мекунад, ки инсон қодир ба кушодани ин гиреҳ нест ва баъзан як навъ ҳиссиёти ноумедӣ ба ӯ ҳамла мекунад. Аслан ҳамин падидаи ноумедӣ аз бузургтарин гуноҳ маҳсуб меёбад ва набояд аз зиндагӣ ноумеду дилшикаста гашта, маъмулан он афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, аз ҷумлаи нафарони ноумедгашта аз ҳаётанд. Худованд дар Қуръони карим дар сураи Зумар дар ояти 53 мефармояд: Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон «Қул ё ъибодиялазина асрафу ало анфусиҳим ло тақнату мин раҳматиллоҳ инналлоҳа яғфиру зунуба ҷамиъо иннаҳу ҳувал ғафурурраҳим» Бигӯ, эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст.

Имрӯз дар ҷомеаи мо кафолати зиндагии шоиста таъмин буда, бояд ба умеди фардои нек зиндагӣ кард ва набояд, ки ҳаёт арзиши волои инсонист ва дар ягон маврид инсон набояд ноумед шавад. Агар дар инсон чунин ҳолати васваса пайдо гардад, дар ин ҳолат ҳатман бояд ба маслиҳати табибон ва шахсони рӯзгордидаю таҷрибадор рӯй оварад.

Аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳеҷ кас на ҳаққи куштани дигареро дорад, на ҳаққи куштани худро. Худкушӣ як навъи иҳонату хиёнат ба Худованди мутаъол аст ва онро гуноҳи нобахшиданӣ мешуморанд. Дасти ёрию кумак дароз кардан ба шахсоне, ки бар асари мушкилоти зиндагӣ аз ҷони хеш гузашта, роҳи ҳалли онро фақат дар худкушӣ мебинанд, вазифаи муқаддаси инсонӣ ва динии ҳар як шаҳрванд аст.

Дар Гулистони Шайх Саъдии Шерозӣ ҳикояте омадааст. Гурӯҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро ба маслиҳате дар сухан ҳамегуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомӯш. Гуфтандаш: Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нагӯйӣ? Гуфт: Вазирон ба мисоли аттибоанд ва табиб дорӯ надиҳад ҷуз беморро. Пас чун бинам, ки раъйи шумо бар савоб аст, маро бар сари он сухан гуфтан ҳикмат набошад,

Чу коре бе фузули ман барояд,
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.
В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст!


Дар охир андешаҳои худро бо таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам ҷамъбаст намоям, ки гуфтаанд: «Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».

ШАРИФЗОДА
Муҳаммадӣ Шариф,
сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нигаронии мақомот аз афзоиши ҳаводиси худкушӣ дар Хатлон

Нигаронии мақомот аз афзоиши ҳаводиси худкушӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Донед! Маргталабию худкушӣ гуноҳ аст

Донед! Маргталабию худкушӣ гуноҳ аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фоҷиаи Покистон. Қатли бегуноҳонро ягон дин намебахшад

Фоҷиаи Покистон. Қатли бегуноҳонро ягон дин намебахшад

Сиёсат, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА