Дар як сатр
» » Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ

23-01-2017, 11:03

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ


Соле, ки бо ҳангомаю ҳаяҷон ва воқеаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ паси сар шуд, соли маймун буд. Ҳоло бошад, дар Соли нави 2017 қарор дорем, ки мутобиқи солшумории мелодӣ соли мурғ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, муруре намудем ба таҳаввулоти муҳимтарини ҷаҳону Тоҷикистон, ки тӯли як асри гузашта (аз соли 1909 то 2005) дар соли мурғ ба вуқӯъ пайвастаанд. Инак, феҳрасти хотирмонтарин рӯйдодҳоро пешниҳоди хонандаи арҷманд менамоем.

СОЛИ 1909

1 январи соли 1909 - Аввалин маротиба дар Британия ба шаҳрвандон нафақа дода шуд.

11 январи соли 1909 - Аз шаҳри Ню-йорк то Филаделфия аввалин маротиба дар ҷаҳон пойгаи мошинронӣ миёни занон доир гардид.

2 августи соли 1909 - Аввалин маротиба дар қувваҳои мусаллаҳи ИМА ҳавопаймои ҳарбӣ истифода шуд.

20 сентябри соли 1909 - Нависандаи халқии РСС Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст.

22 октябри соли 1909 - Элиза Деролӣ, лочинзани фаронсавӣ, аввалин маротиба тайёраро идора кард.

СОЛИ 1921

Баҳори соли 1921 - Дар шимоли Тоҷикистон Иттифоқи деҳқонони заҳматкаш бо номи «Қушчӣ» («Ҷуфтгарон») таъсис дода шуд.

Моҳи марти соли 1921 - Дар Душанбе нозироти вилоятии маориф ва 5 мактаби шӯравӣ ташкил карда шуд, ки 600 ҷавонписару духтарон ба мактаби нави шӯравӣ қадам ниҳоданд. Аввалин муаллимон барои мактабҳои шӯравӣ аз Бухорои Шарқӣ даъват карда шудаанд.

20 майи соли 1921 - Германия ва Хитой муносибатҳои дӯстияшонро ба имзо расониданд.

Моҳи майи соли 1921 - Дар Бухорои Шарқӣ мардумон аз таъсири хилофати амирӣ озод карда шуданд.

11 декабри соли 1921 - Давлатҳои абарқудрат истиқлолияти Албанияро эътироф карданд.

СОЛИ 1933

Соли 1933 - Китобхонаи оммавии миллии ба номи А. Фирдавсӣ ба кор шурӯъ намуд.

Соли 1933 - Дар Душанбе якумин радиостансия ба кор даромад.

Соли 1933 - Иттифоқи журналистони ИМА (Гилдияи газетаҳои Амрико) таъсис ёфт.

3 апрели соли 1933 - Ҳавопаймо аввалин маротиба аз болои қуллаи Эверест (баландтарин қулла дар Аврупо) парвоз кард.

Августи соли 1933 - Анҷумани якуми колхозчиёни зарбдори ҷумҳурӣ шуда гузашт.

17 ноябри соли 1933 - ИМА бо СССР муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расонид.

СОЛИ 1945

2 апрели соли 1945 - Теодор Рузвелт, Уинстон Черчилл ва Иосиф Сталин дар Ялта (Қрим) масъалаи таслимшавии Германияи фашистӣ ва ҳаёти минбаъдаи онро баррасӣ карданд.

25 апрели соли 1945 - Дар шаҳри Сан-Франсискои штати Калифорния конференсияи таъсисдиҳандагони СММ баргузор гардид. Дар натиҷа, 26 июни соли 1945-ум 51 давлат оинномаи СММ-ро имзо карданд. Мувофиқи Оиннома, СММ аз Ассамблеяи генералӣ, Шӯрои бехатарӣ, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Шӯрои оид ба васоят, Суди байналхалқӣ ва Котибот иборат аст.

2 майи соли 1945 - Армияи Советӣ ба хоки Берлин ворид мешавад. 8 майи соли 1945 Рӯзи Ғалаба дар Аврупои ғарбӣ ва ИМА эълон шуд. Дар Берлин Кейтел ва дигар генералҳои немис акти таслимшавии Германияи фашистиро дар ҳузури маршали СССР Г. К. Жуков ва намояндагони дигар давлатҳои зиддифашистӣ ба имзо расониданд ва 9 майи соли 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 46 моҳу 13 рӯз, ё 1418 рӯз давом ёфт, бо ғалабаи пурраи халқи шӯравӣ анҷомид.

2 сентябри соли 1945 - Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки 6 солу 1 рӯз (ҷамъан 2220 рӯз) давом карда буд, ба охир расид.

20 октябри соли 1945 - Лигаи давлатҳои Араб таъсис ёфт.

СОЛИ 1957

Соли 1957 - Аввалин маротиба ширкати CASIO дар ҷаҳон калкулятори электрониро пешкаши мардум гардонид.

15 феврали соли 1957 - Муҳаммад Гул, қадпастарин инсони дунё, таваллуд ва 1 октябри соли 1997 вафот кардааст.

4 октябри соли 1957 - СССР аввалин моҳвораи замин - «Спутник-1»-ро сар дод ва бо ин ба кашфи сунъии кайҳон оғоз бахшид.

5 декабри соли 1957 - дар Ленинград аввалин киштии яхшикани атомӣ - «Ленин» ба кор даромад.

18 декабри соли 1957 - дар СССР андоз барои шахсони танҳо ва бефарзанд бекор шуд.

СОЛИ 1969

20 июли соли 1969 - Аввалин маротиба экипажи «Апполон-11»-и Амрико дар рӯйи Моҳ нишастанд ва 24 июли ҳамон сол ба Замин баргаштанд.

Соли 1969 - Интернет ҳамчун дастоварди илмӣ-техникӣ дар ИМА пайдо шудааст.

2 сентябри соли 1969 - Аввалин президенти Ҷумҳурии Демократии Ветнам Хо Ши Мин дар Ханой вафот кард.

25 сентябри соли 1969 - Созмони Конфронси исломӣ таъсис ёфт.

19 июни соли 1969 - Сессияи V Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати ҳафтум «Кодекс дар бораи ақди никоҳ ва оилаи ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул кард.

СОЛИ 1981

Соли 1981 – дар ҷаҳон «Соли байналмилалии шахсони маъюб» эълон карда шуд.

5 майи соли 1981 - Соати 5:10 дақиқа, ба вақти Магадан, аввалин метеорит дар дунё дар вилояти Магадан афтид.

5 июни соли 1981 - дар Лос-Анҷелес аввалин маротиба 5 ҳолати бемории нодири намуди «пневмания» ба қайд гирифта шуд, ки баъдан ба ин беморӣ СПИД ном гузотанд.

СОЛИ 1993

Соли 1993 - дар дунё «Соли байналмилалии халқҳои таҳҷоӣ» эълон гардид.

7 январи соли 1993 - Қазоқистон ва Тоҷикистон бо ҳам Созишномаи роҳандозии муносиботи дипломатиро ба имзо расониданд.

22 январи соли 1993 - Дар Маскав вохӯрии сарони ИДМ доир шуд, ки аз 10 давлат роҳбарони 7-тоаш (ғайр аз Грузия, Украина, Туркманистон) оинномаи ИДМ-ро қабул карданд.

27 январи соли 1993 - Барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон.

27 апрели соли 1993 - Баъди соли 1949 аввалин маротиба вохӯрии намояндагони Чин ва Тайван ба амал омад.

СОЛИ 2005

14 декабри соли 2005 - видеохолдинги «YouTube»-ро ташкил карданд.

26 феврали соли 2005 – Лоиҳаи «Однокласнники» фаъол шуд.

30-31 майи соли 2005 - Дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ Барномаи оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»-ро қабул кард.

20 апрели соли 2005 – Дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа майдони «60-солагии Ғалаба» бахшида ба 60-солагии ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми гитлерӣ дар асоси қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа №227 ба истифода дода шуд.

Моҳи июни соли 2005 - Созмони байналмилалӣ - Федератсияи сулҳу ризоят Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои бузургаш ва саҳми арзандааш дар таҳкими сулҳу ризоят ва ҳамкории байни халқҳо бо мукофоти олӣ - Медали тиллоӣ сарфароз намуд.

Соли 2005 - СММ фароҳам омадани вазъияти оромӣ ва созандагии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба назар гирифта, дар қатори ҳашт давлати ҷаҳон онро ба узвияти Барномаи рушди ҳазорсола дохил намуд. Ҳоло СММ баҳри рушди ҳаёти фарҳангию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хусусан, сохтмони роҳҳо, мактабу табобатхонаҳо, истифодаи захираҳои обӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ кумаки амалӣ расонида истодааст.

P.S. Аз Соли нави мелодии 2017, ки тибқи мучал, соли мурғ аст, чиро метавон интизор шуд? Оё илми ситорашиносӣ дар соли нав ба вуқӯъ пайвастани рӯйдодҳоро пешбинӣ карда метавонад? Бо ин савол муроҷиат намудем ба профессор Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ӯ дар ҷавоб ба саволи рӯзномаи «Хатлон» гуфт: «Ба фикри мо, пешбинию пешгӯӣ кардан асосҳои илмӣ надоранд. Дар баъзе сомонаҳои интернетӣ дар бораи соли оянда аз нигоҳи илми ситорашиносӣ маводҳо чоп мешаванд, аммо ҳар шахс худаш интихоб мекунад, ки бовар кунад ё не? Лекин, дар илми астрономия – нуҷумшиносӣ чунин пешгӯиҳо намешавад. Ин асоси илмӣ надорад».

Хонандаи азиз! Набояд пойбанди ин ақидаҳо ва саволҳо буд, ки ситораҳо чӣ мегӯянду ситорашиносон чиро дар соли нав пешбинӣ мекунанд. Ба фардои нек бояд бовар дошт ва устуворона қадам ниҳод.


Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Бе об ҳаёт нест

Бе об ҳаёт нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---