Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сада ҷашни мулуки номдор аст ...


Сада ҷашни мулуки номдор аст ...



Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон, дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва оини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт.

Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро  бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун  шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.

Сада дар забони авастоӣ маънои “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Оид ба истилоҳи «Сада» фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпои як оташи бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст”.

Хуллас, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад, ки ин гуна иқдомҳои накӯ, боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.

Муқаддас Рустамзода,
декани факултети забон ва адабиёти рус,

Файзалӣ Қурбонов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода