Дар як сатр
» » Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

21-09-2018, 07:23

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Мақсади фестивал аз намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар иборат мебошад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, даври аввали фестивал моҳҳои сентябр-октябр дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм моҳи ноябр дар маркази вилоят ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе 24 ноябри соли 2018 - дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат аст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӣ ғолиби «чароғи ҳидоят» мешавад?

Хабарҳо
Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро  зебосанами  кӯлоб  соҳиб шуд

Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро зебосанами кӯлоб соҳиб шуд

Ҷавонон ва варзиш
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА