Дар як сатр
» » Ифтитоҳи якумин мавсими театри «Афсона»

Ифтитоҳи якумин мавсими театри «Афсона»

24-09-2018, 07:24

18 сентябр дар шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳи аввалин мавсими театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» барпо шуд.

Хайрулло Давлатов, роҳбари театри мазкур, дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки барномаи таҳиясохтаи ҳунармандони театр ифодагари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, мақсади он тарғиби идеали миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва башарӣ, ташвиқи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва санъати тамадунофари миллӣ мебошад. «Санъати театрӣ, алалхусус театри лӯхтак ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги Тоҷикистон аст, ки кӯдакон ва наврасонро дар рӯҳияи бунёдкорӣ ва созандагӣ тарбият мекунад», - афзуд ӯ. Дар ин чорабинии фарҳангӣ роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳунармандони шинохта, намояндагони васоити ахбори омма, зиёиён ва ҳаводорони санъати театрӣ иштирок доштанд. Пас аз расми ифтитоҳи мавсим нахустнамоиши намоишномаи лӯхтаки «Бурёкӯбони харгӯшак» пешкаши тамошочиён гардонида шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳаёт аз «Лӯхтак» оғоз меёбад

Ҳаёт аз «Лӯхтак» оғоз меёбад

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт

АМАЛИ ХАЙРИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

Хабарҳо
Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА