Дар як сатр
» » Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

20-01-2017, 16:17

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, сардори Раёсати кор бо занони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, директори филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад, Елена Максименко ва аъзои дигари шӯро баргузор гардид.

Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят оид ба татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» аз моҳи июли соли 2016 тасдиқ гардидааст. Мақсади Барномаи мазкур пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирӣ ва огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сараввал Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: «Зарурати таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, пеш аз ҳама, он аст, ки барномаи мазкур хусусияти байниидоравӣ дорад ва барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохтору мақомотҳои гуногуни вилоят баҳри амалӣ намудани нишондодҳои ин Барномаи давлатӣ ташкил ва фаъолияти шӯрои ҳамоҳангсоз амри зарурӣ мебошад. Бо ҳамин мақсад дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи талаботи Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ташкил карда шудааст».

Рӯзномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз чор масъала иборат буд. Аз рӯйи масъалаи якум Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар мавзӯи «Тақвияти механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила» баромад намуд.
Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ба иттилои сардори Раёсати кор бо занони вилоят, соли 2016 дар вилояти Хатлон 433 ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015-ум 91 ҳолат зиёд мебошад. Аз ҷумла дар шаҳри Қӯрғонтеппа 19 (6 ҳолат зиёд), шаҳри Кӯлоб 24 (4 ҳолат зиёд), ноҳияҳои Ховалинг 18 ҳолат (11 ҳолат зиёд), Хуросон 12 ҳолат (8 ҳолат зиёд), Ёвон 16 ҳолат (4 ҳолат зиёд), Шамсиддин Шоҳин 18 ҳолат (15 ҳолат зиёд) ва Қубодиён 36 ҳолат (36 ҳолат зиёд) ба қайд гирифта шудааст. Бинобар ин, масъулинро мебояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт боз ҳам бештар ба роҳ монанд.

- Имрӯзҳо занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат баробари мардон фаъолият менамоянд, - қайд намуд Раъно Раҳимзода. - Аммо бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, ҳанӯз дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилот ҷой доранд, ки онҳо ҳалли зудрасро тақозо менамоянд. Яъне ҷой доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, инчунин зӯроварӣ нисбати занон, фарзандон ва пиронсолон мебошад, ки ҳаёти аъзои оилаҳоро душвор намуда, ба пошхӯрии онҳо ва содиршавии кирдорҳои номатлуб оварда мерасонад. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб дар миёни занону ҷавонон, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ дар назди Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 маркази иттилоотиву машваратӣ таъсис дода шудааст. Дар онҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шаҳрвандон кумаки амалии худро мерасонанд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯро қайд карда шуд, ки тибқи маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, соли 2016 аз тарафи занон 68 ҳолати худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯйи маълумотҳо, бештар худкушии занону духтарон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Шаҳритус, Муъминобод ва Ҷайҳун сабт гардидааст.

Елена Максименко, роҳбари лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV), аз рӯйи масъалаи дуюм дар бораи «Татбиқи марҳилаи 8-уми Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV)» суханронӣ намуда, марҳилаи 9-уми Лоиҳаро муаррифӣ намуд.

Дар бораи татбиқи самарабахши механизмҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ бо иштироки сохторҳои давлатӣ - субъектҳои қонун оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ намояндагони мақомоти прокуратура, Раёсати ВКД дар вилоят, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раёсати маориф, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати фарҳанг, Раёсати умури дини вилоят фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Конфронси бахшида ба Соли оила

Конфронси бахшида ба Соли оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА