Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Хатлон» омодагии худро ба мавсими нав оғоз намуд


«Хатлон» омодагии худро ба мавсими нав оғоз намуд



17 январ КФ "Хатлон"-и шаҳри Бохтар омодагии худро ба мавсими нави футболи кишвар шурӯъ кард. Ҷамъомади тамринӣ-таълимии даста дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев баргузор шуд.

Дар рӯзи аввал ба тамринҳо футболбозони касбии маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Ба гуфти А. Ҳабибуллоев барои мустаҳкам намудани ҳайати даста бо чанд футболбозони бомаҳорати дигар гуфтушунид бурда истодаанд ва рӯзҳои наздик ба даста ҳамроҳ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дастаи “Хатлон” мақсад гузоштааст, ки яке аз роҳхатҳоро ба Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба даст биёрад.

Д. Ибодуллозода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода