Дар як сатр
» » Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ

7-01-2015, 18:16

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқКомиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон нахустин ҷаласаи хешро дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор намуд. Ин комиссия 12 декабри соли 2014 бо қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳайати 11 нафар аз намояндагони ҳизбҳо ва фаъолони ҷомеа таъсис ёфтааст.

- Мутобиқи нақшаи тақвимӣ, - изҳор дошт раиси комиссия Қурбоналӣ Қурбонов, - аъзои комиссияро мебояд, ки ҳайати комиссияҳои ҳавзавии шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилоятро, ки рӯйхаташон пешниҳод гардидааст, интихоб намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти таклифҳои ироагардида дар вилоят 69 ҳавзаи интихоботии шаҳрию ноҳиявӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар кадомаш аз 11 узв иборат аст. Ба ин ҳайат сар аз роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, то омӯзгору табиб, соҳибкору руҳонӣ ва коргару деҳқон шомил карда шудааст.

Қисмати дувуми ҷаласа ба муҳокимаи нақшаи тақвимии чорабиниҳои интихобот, ки дар шакли китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардидааст, ихтисос дода шуд.

Ба қавли раиси комиссия Қ. Қурбонов, ҳар нафаре, ки оид ба интихобот маълумот гирифтан мехоҳад ё масъалаеро дар миён гузоштанист, метавонад бо суроғаи шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Норинов, 8 (идораи почтаи вилоят) муроҷиат намояд ё бо рақами 8 (3222) 2-39-41 ва почтаи электронии intikhobot@khatlon.tj тамос гирад.

Зокир ҲАСАН


Дар акс: Қурбоналӣ Қурбонов

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА