Дар як сатр
» » Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

18-01-2017, 12:16

Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Дар Литсейи хонандагони болаёқати шаҳи Қӯрғонтеппа мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо мақсади омӯзиши муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар арзёбӣ мегардад, бо раисони маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.

- Паёми имсолаи Пешвои миллат роҳнамо ва саодатномаи миллати тоҷик буда, ба ҳама самтҳо нигаронида шудааст, - зикр намуд Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон. - Паёми Роҳбари давлат ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва рӯҳияи озодихоҳии ҷавононро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ватани орому обод ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем.

Дар идомаи суҳбат М. Хидирзода иброз дошт, ки дар Паём як масъалаи бисёр муҳим, яъне диққати асосӣ додан ба рушди неруи инсонӣ баррасӣ шуда буд. «Ҷомеае, ки ҳамчун сармоя ба неруи инсонӣ такя мекунад, метавонад рушди устувори худро дар оянда таъмин намояд», -афзуд муовини раиси вилоят.

Сайфулло Сафаров, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки оид ба ҳар як нуктаи Паёми имсолаи Пешвои миллат, тафсиру бардоштҳои ҳидояткунандаи он метавон соатҳо сухан кард. «Имсол бо таъсири чанд омил баъзе бонкҳои кишвар ба мушкилоти молиявӣ дучор омаданд. Ин ҳолат дар байни аҳолӣ ташвишу изтиробро ба амал овард. Аммо, вақте аз забони Пешвои миллат баён гашт: «…Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд», ин як муждаи эътимодбахш барои ҳар як сокини кишвар аст, ки алҳол хоҳу нохоҳ робитае ба низоми бонкӣ доранд. Яъне, низоми босуботи иқтисодӣ дар кишвар ба шаҳрвандон имкону кафолат медиҳад, ки дар мавриди пасандозу дигар робитаҳои молиявӣ ба бонкҳо ноумед набошанд. Ин боз як муждаи неки Паём ба ҳисоб меравад»,- қайд кард ӯ.
Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем
- Дар Паёми навбатӣ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои терроризму экстремизм аҳамияти хоса зоҳир намуда, зикр карданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст», - зикр кард Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», ки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ буд. - Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

А. Сафарова даъват ба амал овард, ки барои пешгирӣ аз ин вабои аср мебояд фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободгароӣ, худогоҳӣ тарбият намоем.

Метавон гуфт, ки Паёми нав-батии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар иқдомҳои созандаву бунёдкоронаашон дар ҷомеа бо рӯҳбаландӣ истиқбол гардид. Ин Паём барои расидан ба рӯзгори боз ҳам неку саодатманди мардуми Тоҷикистон роҳнамост.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Amoxicillin And Pseudophedrine For Sinusitis Where To Buy Cytotec Amoxicillin Information Viagra 100mg Canada Zithromax 500mg Provera Curretab Avis Propecia Generique Priligy Buy Online Levitra Generico Vendita Cialis Viagra O Propecia buy cialis Ou Trouver Du Cytotec Suprax Online In United States Prozac Drug Buy Elavil Online With Out Prescription Amoxil 400mg Dapoxetine Priligy Forum Dapoxetina Indicaciones Acheter Kamagra Canada Buy Generic Kamagra Toranto Drug Store Pictures Of Amoxicillin Hives Prozac Pill Xenical 120 Mg Price Uk
31 март 2017 18:24

Матолиби дигар:

Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Президент: «Ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи ворид ...

Президент: «Ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи ворид ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Э. Раҳмон: «Синни миёнаи дарозумрӣ дар кишвар ба 73,5 сол расидааст»

Э. Раҳмон: «Синни миёнаи дарозумрӣ дар кишвар ба 73,5 сол расидааст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА