Дар як сатр
» » Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

18-01-2017, 11:54

Дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо баргузор гардид.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Дар ин намоишгоҳ хоҷагиҳои ниҳолпарвар аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ниҳолҳои сертификатсияшудаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тухмии гулу гулбуттаҳо ва зироатҳои кишоварзиро ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми алоқаманд бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Дар ҷараёни ин намоишгоҳ олимону мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ ба харидорон, боғпарварон, кишоварзон ва масъулони хоҷагии ҷангал оид ба парвариш ва сабзонидани дарахтон, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Дар ярмарка-фурӯш 13,5 ҳазор бех ниҳолу гулу гулбуттаҳо ва навъҳои тухмиҳо ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуд.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Зимни суханронӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қайд намуд, ки дар вилоят беш аз 2 миллион бех ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва гулу гулбуттаҳо парвариш карда шуда, беш аз 1 миллиони он омодаи фурӯш мебошад.

Дар охир, Д. Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, ба ниҳолпарвароне, ки ба парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ва тухмиҳои хушсифату ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда машғуланд, ҳадяҳо ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)


Чунин ярмаркаи намоишу фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо рӯзи 15 январ дар маркази шаҳри Кӯлоб, назди боғи фарҳангию истироҳатии шаҳр ташкил карда шуд, ки дар он маҳсулоти хоҷагидорони навоҳии минтақаи Кӯлоб ба харидорон пешкаш гардид. Дар намоишгоҳ – «павилон»-и ташкилнамудаи ҳар як навоҳӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтон гузошта шуда буданд.

Дар ин чорабинии муҳим муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода ширкат варзид. Аз намоишгоҳи кулли навоҳӣ дидан кард. Бо хонандагон, донишҷӯён ҳамсуҳбат гардида, аз ташкили намоишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сокинони шаҳри Кӯлоб ва атрофи шаҳр низ аз иқдоми наҷиби мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят хурсанд буданд. Чаро ки нафарони қитъаи замингирифта кам набуданд. Ва ҳар кас мехост, барои назди ҳавлиаш ниҳоли дарахти заруриашро пайдо кардаву барои аҳли оилааш боғчае бунёд намояд.

Бартарии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бештар ба назар мерасид. Баробари он ки корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ анвои гуногуни дарахтони зардолу, себ, хурмо, шафтолу, чормағзу бодомро пешниҳоди аҳли назар намудааст, ҳамчунин, чанд тан аз сокинони ин ҷамоат низ ниҳолакони арӯсакшудаи худро, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигиашон парвариш намудаанд, ба намоишгоҳи мазкур барои фурӯш оварда буданд.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)


Дар ҷамъомади ба ин хотир баргузоргардида муовини аввали раиси вилоят Қурбонбой Ҳакимзода баромад намуда, барои ташкили чунин як чорабинии муҳим, ки дар кори рушди соҳаи боғдорӣ хеле зарур аст, ба созмондиҳандагони он аз номи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳори ташаккур намуд. Қурбонбой Ҳакимзода афзуд, ки ярмаркаи имрӯза дар сатҳи баланд ташкил гардида, роҳбарони навоҳӣ, алалхусус боғдорон бо тайёрии хуб омадаанд. Ва боз, хурсандибахш он буд, ки тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ ва макотиби таҳсилоти миёнаи шаҳр низ ба ин чорабинӣ ҷалб карда шуданд, ки ин дар кори тарбияи онҳо аз аҳамият холӣ нест.

Қурбонбой Ҳакимзода афзуд, ки хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, шахсони воқеӣ хеле хуб фаъолият намуданд. Бо мақсади ривоҷ додани боғдорию кабудизоркунӣ онҳо 1 миллиону 82 ҳазор бех ниҳоли дарахтони боровар ва 800 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафканро барои шинондан омода кардаанд.
Имсол нисбати солҳои пеш ярмаркаи фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо як моҳ пештар оғоз гардид.



Дар поёни ҷамъомади натиҷагирӣ аз ярмарка ба як қатор иштирокдорони ярмарка-фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои таъсисгардида супурда шуд.

Комрони БАХТИЁР,
Наҷот САФАРЗОДА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА