Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Теннисбози рақами яки ҷаҳонро аз Австралия берун карданд


Теннисбози рақами яки ҷаҳонро аз Австралия берун карданд




Теннисбози рақами яки ҷаҳон Новак Ҷоковичро ба далели нагирифтани вояи ваксина аз ҳудуди Австралия хориҷ карданд.

Ваксиназанӣ бар зидди коронавирус ё асоснок кардани имконпазирии он як талаботи расмӣ барои иштирокчиёни мусобиқаи кушоди Австралия буд.

Тавре Lenta.ru иттилоъ медиҳад, Ҷокович барои ширкат дар ин мусобиқа, ки аз 17 то 30 январ баргузор мегардад, вориди ин кишвар шудан мехост, аммо барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ӯро аз ин мамлакат ронданд.

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода