Дар як сатр
» » «Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

13-01-2017, 17:32

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?Охири моҳи декабр ба мактабҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атроф хабар доданд, ки иштироки шогирдони синфҳои 4-9-ро барои санҷиши байналмилалӣ аз фанни математика барои мактаббачагон (IMAS-2016-Даври аввал) таъмин намоянд. Аз он ки баъзе муаллимон ҳамагӣ як рӯз қабл аз баргузории ин «олимпиада» хабардор шуданд, маълум буд, ки чорабинии чандон ҷиддӣ нест…

Аз он ки калимаи «олимпиада»-ро бо истифода аз аломати нохунак («») менависам, дар тааҷҷуб набошед, хонандаи азиз. Поинтар мефаҳмед, ки чаро чунин навиштем. «Олимпиадаи байналмилалӣ» бояд соати 8-и субҳи 25 декабр барпо мешуд ва хонандагон мебоист қабл оғози санҷиш ба саҳни Литсейи давлатии №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳозир мешуданд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Роҳбарияти литсей шароити лозимро барои озмун фароҳам оварда буд. Азбаски маъмурони санҷиш таъхир мекарданд, тамоми хонандагонро ба синфхонаҳои гарми бухоридор дароварданд. Аммо соат аз 8:00, ки гузашт, толибилмонро ба саҳни литсей бароварданд, то бо навбат ба синфхонаҳо ворид шаванд. Ҳавлии литсей пур аз шогирдону устодон ва волидайн буд. Ҳама дар интизории оғози «олимпиадаи байналмилалӣ» дар ҳавои сард соатҳо истоданд. Кӯдакон аз интизории зиёд хаста ва қисме гурусна шуданд, аммо аз тарси он ки ҳар лаҳза «олимпиада» оғоз шуданаш мумкин аст, барои ғизохӯрӣ аз ҳавлии литсей берун намерафтанд. Бори дигар собит шуд, ки барои иддае аз масъулони бемасъулияти мо саридарвақт шурӯъ гаштани чорабинии аз қабл эълоншуда кори бисёр сахт аст.

Аз масъуле сабаби таъхир дар оғози олимпиадаро пурсон шудам, ки гуфт: «Раёсати маориф барои иштироки 230 нафар хонанда дар ин санҷиш дархост дода будааст. Аммо шумораи толибилмони ҳозиршуда аз 1000 нафар зиёдтар аст. Бинобар ин, ҳоло варақаҳои имтиҳониро нусхаафзоӣ карда истодаанд…» Аҷаб коре? Наход олимпиадаи байналмилалӣ бо чунин ҳамоҳангии заиф ва кутоҳбинона сурат бигирад?! Соат ба 12 наздик шуд ва ниҳоят (пас аз зиёда аз 4 соати интизорӣ ва рӯҳану ҷисман хаста шудани кӯдакон) олимпиадаи ба ном байналмилалӣ оғоз гардид.

Ҳар як иштирокчии олимпиада, ки аз ҷониби Маркази IMAS (International Mathematics Assessments for Schools) ташкил шуда буд, бояд 10 сомонӣ ҳаққи ширкат пардохт мекард. Омӯзгороне, ки шогирдонашонро ба олимпиада оварда буданд, ҳадс мезаданд, ки кӯдакон тӯли 4 соати мунтазирӣ бемадору шалпар гаштаанд ва шояд акнун натиҷаи хуб нишон надиҳанд…

Ҳамин тавр ҳам шуд. Агарчи интизории бардавоми оғози имтиҳон бисёре аз иштирокчиёнро беҳол карда буд, аз ҷониби дигар, на ҳама саволҳои ба тоҷикӣ тарҷумашуда барои онҳо фаҳмо буд. Масалан, саволи №9, ки барои синфҳои 4-5-6 нигаронида шудааст (дар варианти тоҷикӣ): «Чандто ададҳои 4-рақамаи ба 5 каратӣ мавҷуданд, ки дар онҳо рақамҳои 0,2,4,5 якборӣ истифода шудааст?». Айни ҳамин савол дар варианти русиаш: «Вычислите сколько четырехзначных чисел состоят из цифр 0, 2, 4 и 5, использованные единожды и чтобы это число делилось на 5». Русидонҳо эҳсос мекунанд, ки мазмун дар вариантҳои тоҷикию русии савол мутафовит аст.

Муаллим ба ҷойи шогирдаш посухи саволҳоро менависад...Муаллим ба ҷойи шогирдаш посухи саволҳоро менависад...Ҳамин ки китобчаи саволҳо ба дасти хонандаҳо дода шуд, омӯзгорони масъул ба ҷамъоварии маблағ (10 сомонӣ барои иштирок) аз иштирокчиён дар дохили синфхонаҳо сар карданд. Назорат то ба он ҳол ҷиддӣ набуд, ки аз ин ҳолат истифода карда, баъзе омӯзгорон саволномаи шогирдони худро озод аз тиреза гирифта хонапурӣ мекарданду ба синф бармегардониданд (ба акс бингаред). Ҳатто дар яке аз синфҳо омӯзгори гимназияеро имтиҳонгиранда таъйин карда буданд, ки чанд нафар шогирди худаш ҳузур дошт ва имкони бароҳат кумак кардан ба онҳоро дошт. Бехабар аз он ки барои шогирдони худ хизмати хирсона мекунанд…

Аксари волидон, ки ба мухлисии фарзанди худ омада буданд, ин ҳолро дида нороҳат шуданд ва мегуфтанд, ки ин олимпиада не, балки як маъракаи пулҷамъкунӣ будааст.

Ана акнун фаҳмидед, ки чаро ибораи «олимпиадаи байналмилалӣ» дар нохунак гирифта шудааст? Магар ин маъракаро, ки на шаффофият дошту на танзиму назорат, мешавад санҷиши воқеии дониш номид?

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

Суоли матраҳ ин аст, ки масъулони идораи маорифи вилоят (ба ин олимпиада толибилмон на танҳо аз таълимгоҳҳои Қӯрғонтеппа, балки аз ноҳияҳои дигари минтақа низ омада буданд) оё аз чунин сурат гирифтани олимпиада хабар доранд? Кӣ масъули шаффофият ва назорат буд? Маркази IMAS то куҷо ташкилоти қобили эътимод аст? Ва ниҳоят, чӣ тавр ба кӯдаконе, ки шоҳиди ин ҳама бенизомӣ буданд, фаҳмонем, ки иштирок дар «олимпиада»-ҳои ояндаи «байналмилалӣ» ҳам хеле муҳим аст?

Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 50 медали толибилмони хатлонӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Беш аз 50 медали толибилмони хатлонӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ИНН 20 сомонӣ шуд?

ИНН 20 сомонӣ шуд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА