Дар як сатр
» » Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

7-01-2015, 23:13

Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар ФархорУмури сохтмонӣ дар «Чойхонаи миллии Фархор» ба охир расида, дар назар аст, ки ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Тавре Рустам Насриддинов, муовини раиси ноҳияи Фархор, ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод, чойхонаи миллӣ, ки аз се ошёна иборат аст, барои тафреҳи ҷавонону бузургсолон пешбинӣ гардида, бо курсию миз ва катҳои зебою мунаққаши суннатӣ ҷиҳозонида шудааст. «Дар ин толор, ки дар ошёнаи якум воқеъ аст, дар як вақт то 100 муштарӣ метавонад истироҳат кунад. Ошёнаи дуюм барои тарабхона пешбинӣ шуда, барои гузаронидани тӯйу маъракаҳо низ имконият фароҳам гардидааст. Ошёнаи сеюми чойхонаи миллӣ меҳмонхона асту 30 ҷой дорад», - зикр кард Р. Насриддинов.

Бинои бошукӯҳи «Чойхонаи миллии Фархор» аз ҷониби соҳибкор Анвариддин Шарифов бо сарфи 4 миллиону 860 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор низ бунёди бунгоҳи тиббии муосир ҷараён дорад. Қарор аст, ки он дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шавад. Ин бунгоҳ, ки бо роҳи ҳашар ва қисман бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳал сохта мешавад, аз чор ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои беш аз 150 оила хизматрасонӣ хоҳад кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯлоб. Сохтмони пул дар арафаи Наврӯз поён меёбад

Кӯлоб. Сохтмони пул дар арафаи Наврӯз поён меёбад

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи филиали Бемористони «Ибни Сино» дар ноҳияи Фархор

Ифтитоҳи филиали Бемористони «Ибни Сино» дар ноҳияи Фархор

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА