Дар як сатр
» » Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

13-01-2017, 11:09

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонандФардо, 14 январ, дар назар аст, ки дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд аз ин ярмарка-фурӯш дидан намуда, ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳои дихоҳашонро харидорӣ намоянд.

Чунин ярмарка-фурӯш 15 январ, соати 16:00 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, 14 январи соли ҷорӣ тибқи нақшаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе маъракаи шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг ва мевагӣ аз ду тарафи роҳ сурат мегирад.

Ин чорабинӣ бо ибтикори муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, инчунин кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Суғд барпо мегардад. Интизор меравад, ки дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор нафар ҷалб карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ дар аксари шаҳру навоҳии вилоят бомаром идома дорад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барои ояндаи нек овоз медиҳам

Барои ояндаи нек овоз медиҳам

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА