Дар як сатр
» » Хонаро ба номи ман мекунӣ!

Хонаро ба номи ман мекунӣ!

11-02-2015, 14:17

Хонаро ба номи ман мекунӣ!
Модар ягона нафарест, ки фарзандро бо сад мушкилӣ, ҳатто бо марг даст ба гиребон шуда, ба дунё меовараду шири сафедаш, ки неъмати бебаҳост, ба воя мерасонад. Ба он тифли маъсуме, ки сухан карда, роҳ рафта наметавонист, аз ҷо бархестану қадам задан ва сухангуфтанро меомӯзад. Бечора модар ин ҳамаро нозукиҳоро ба фарзанди хеш меоӯзад, ки фардо қадрдони модар бошад, хидмати ӯро ба ҷо оварад.

Аммо баъзеҳо ба қадри шири сафед ва шабзиндадориҳои модар намерасанд. Дар айёми пирӣ ва ниёзманди ӯро тарк мекунаду аз пайи рӯзгору зиндагии худ мешавад. Чун умри модар ба ҷое мерасад, ба хотири меросӣ ӯ ба суроғаш меояд, вале табиист, ки модар аз чунин номеҳрубониҳо ва ғаразмандии фарзанд дилозурда шудааст. Воқеан ҷойи таасуф аст...

Момаи Бибигул бо анна ҳамин орзӯҳои ширин фарзанди ягонаи худро ба воя расонду тарбия намуд. «Духтар моли мардум аст» мегуфту аз писараш умед дошт, ки дар пирӣ мададгор ва асои дасти модари танҳояш мешавад, аммо афсӯс, ки ин орзуҳо дар дилаш монду писараш баъди хонадоршавӣ ӯро тарк кардааст.

… Ҳангоме ки барои дидорбинии момаи Бибигул, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба хонаи ӯ ворид шудам, гумон кардам, ки ҳушу фикраш парешон буд. Сипас, аз момои Бибигул ҳолпурсӣ кардам.

-Овозатон мардина ба гӯшам расид гумон кардам, ки писарам Қурбонрҷон шояд аз дари ҳавлиям даромадааст...

Чашми модар ба роҳи фарзандаш аз дида дураш нигарон аст, ки рӯзе аз дараш медарояду сухани хуше мегўяд.

-Зиёда аз 24 сол мешавад, ки писарам маро нигоҳ намекунад ҳамроҳи зану фарзандаш аз хона баромада рафт. – қисса мекунад модар. - Занаш нахост, ки ман бо онҳо зиндагӣ кунам. Шавҳарам 10 сол мешавад, ки вафот кард. Аз ҳамон замон писарам бо ман муомилаи хуб надорад. Дар ин даҳ сол инқадар азият кашидам, дар мавсими сармо дар хонаҳои духтаром рӯз мегузарондам, зеро кассе набуд, ки аз ҳолам хабардор шавад. Аз писарам умед доштам, ноумедам кард. Рӯз аз рӯз умрам кам шуда истодааст. Ба синни 80 расидаам. Вақте ки пир мешудӣ дардманд мешавӣ. Дигар ман аз уҳдаи кору бор баромада наметавонам. Ягон рўз нашудааст, ки биёяду бо мехрубонӣ бипурсад, ки «оча, чи ҳоле дори? Куҷоят дард мекунад?» Агар ояд ҳам, доим бо ман ҷангу шавқун мекунад…

Модар тӯли солҳо борҳо аз писараш хостааст, ки бо ҳамсару фарзандонаш ба манзили ӯ баргардад, аммо дар ҷавоб шунидааст: «Не, шуморо нигоҳ намекунам аммо заминро ҳам ба ҳеҷ кас намедихам, мулки падармай»
Хонаро ба номи ман мекунӣ!

- Набераи духтариям имсол омада, маро нигоҳубин кард, ва занашро ҳамроҳи ман монду худаш ба муҳоҷират рафт, - идома дод момои Бибигул. – Хонаамон вайрона шудааст, таъмири хуб надорад, аз ин рӯ набераам хост, ки дар Русия кор карда, барои таъмири хона пул ҷамъ оварад. Писарам ҳоҷӣ аст, намозу рўзаашро доим ба ҷо меорад. Ӯро солҳои зиёд ба камол расондам, аммо як сухани хуше аз забонаш нашунидаам. Як рӯз армуғоне ба даст гирифта, аз дарам надаровардааст, ки «ма оча, инро барои шумо овардам». Ба ман, шукри Худо, ҳамин духтарҳоям ғамхорӣ мекунанд, зиндагиамро пеш бурда истодаанд. Вагарна, бо пули нафақаам, ки кам аст, рӯзгор пеш бурдан мушкил аст. Ғизо, доруворӣ ва либосвориамро ҳамин духтарҳоям таъмин мекунанд.

Момои Бибигул мехоҳад, ки хонаашро ба наберааш ба мерос гузорад, зеро маҳз ӯро ҳамсараш аз модаркалон муроқибат мекунанд. Аммо, писари ҳоҷиаш ба ин мухолиф аст. «Хонаро ба номи ман мекунӣ, на ба набераи духтарит. Ман ягона писарат ҳастам. Инҷо ман ҳақ дорам, ки зиндагӣ кунам!»,- мегуфтааст писараш ба модар.

…Дили модар нозук аст, биноан, набояд ӯро озор дод. Писараш ба хотири ба даст овардани манзили зист ва замини наздиҳавлигӣ як моҳ аст, ки меояду гапҳои сахту дурушташ мегўяд.

- Ҳамин сол «нештаре» дар ҷонам зад, ки дигар намехоҳам рӯша бубинам, -бо алам мегўяд модар. Агар аз ислом бехабар мебуд, шояд мефаҳмидамаш, аммо вай, ки ҳоҷӣ асту таълими исломӣ гирифтааст, бояд донад чӣ қадар гуноҳ аст азият додани модар ва номеҳрубонӣ нисбати ӯ. Ба идораи ҷамоат ду маротиба муроҷиат кардам, ки ман мехоҳам хонаамро ба номи набераам гузаронам то ин ки то охири умр маро парасторӣ кунад. Дар ҷавоб ба ман мегўянд, ки «намешава, бачаат қабул намекунад ба куҷое равӣ, наметавонӣ ба номи набераат гузаронда, агар фарзандонат иҷоза надиҳанд...»

Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Тоиров, адвакати маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа, муаммои момои Бибигулро ин гуна шарҳ дод:«Тибқи талаботи моддаи 232- и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон молик ҳуқуқ дорад, ки молу мулки худро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрӣ намояд. Ин ҳуқуқи моликро давлат ҳифз мекунад ва дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқ ба моликият дорад. Аз ин рӯ шаҳрванд Бибигул Ҷӯраева ҳуқуқ дорад моликияти худро, яъне манзили истиқоматиашро тибқи салоҳдиди худ бегона кунад ва ба шахси ихтиёр намудаи худаш ҳадя кунад, фурўшад. Писари шаҳрванд, ки аз модараш талаби ба номи наберааш ҳуҷҷатгузорӣ кардани хонаро хоҳиш дорад, мухолифи қонун амал кардааст. Зеро маҷбуран аз тасарруф баровардани манзил ва бастани шартномаи асоратовар, яъне бо шартҳои барои модар бе фоида иҷозат дода намешавад.

Мутобиқи Кодекми оилаи Тоҷикистон фарзандон низ уҳдадоранд, ки падару модари худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намоянд. Андозаи таъминот бо созиши тарафҳо муаян карда мешавад. Дар ҳолате, ки барои бастани созиш ноил нагарданд, андозаи таъминот бо тариқи суди муаян мекунанд.

Яъне модар ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат намуда, аз писараш талаби алимент кунад. Аммо ӯ ин корро намехоҳад. Рӯзгори осоишта ягона орзуи ин зани куҳансол аст.

P.S. Дар ҳоле ки ин матлаб омода мешуд, иттилоъ расид, ки мақомоти марбута дархости момои Бибигулро барои ба номи наберааш гузаронидани манзили зисташ қонеъ кардаанд.

Комрони БАХТИЁР, рӯзномаи «Хатлон», №21 (2962),
аз 28-уми майи соли 2014



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш
Сари сахти Бибигул

Сари сахти Бибигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо