Дар як сатр
» » КФ«Вахш»: Сарбозе, ки намехоҳад генерал шавад…

КФ«Вахш»: Сарбозе, ки намехоҳад генерал шавад…

10-06-2016, 08:58

КФ«Вахш»: Сарбозе, ки намехоҳад генерал шавад…

Чаро маъмурияти дастае, ки се карат қаҳрамони футболи Тоҷикистон мебошад, имсол орзуи чемпион шуданро надорад?

Бечоранолии роҳбарияти дастаи футболи «Вахш», ки яке аз қадимтарин тими Тоҷикистон аст, то кай идома мекунад?

Чаро ширкати бонуфузи «Ғаюр-семент», ки сарпарастии ин дастаро ба уҳда гирифта буд, ҳамагӣ баъд аз ним сол аз он даст кашид?


Клуби футболи овозадори «Вахш» ҳанӯз дар соли 1960 таъсис ёфта, қадимтарин дастаи ҳирфаии футбол дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ин даста дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба – солҳои 1997, 2005 ва 2009 – чемпиони Лигаи олии мамлакат шудааст. Ба ҷуз ин, «Вахш» ду карат барандаи Ҷоми Тоҷикистон (1997 ва 2003) ва финалисти Ҷоми Президенти Федератсияи футболи Осиё (соли 2006 дар Малайзия) мебошад.

Мояи афсӯс ва нигаронист, ки ин дастаи сермухлис, соҳибном ва «бренд»-и ҳақиқии футболи Вахшонзамину Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи солҳои охир бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуда, маъмурияти даста ҳеҷ наметавонад онро аз ин варта вораҳонад. Мухлисон, инак, соли 7-ум аст, ки аз «Вахш» пешрафт-ро мунтазиранд. Ягона дастоварде, ки ин дастаи замоне пурқудрат дар солҳои охир ноил шудааст, медалҳои биринҷии мусобиқоти футбол барои Ҷоми ФФТ-2016 аст.

Яке аз сабабҳои ба чунин вазъ расидани дастаи «Вахш» ин буҳрони иқтисодӣ ва надоштани сарпараст унвон мешавад. Мушкиле, ки менеҷерони даста чанд сол боз роҳи ҳаллашро меҷӯянду намеёбанд. Шояд масъала сари спонсорҳои потенсиалӣ нест? Шояд мушкилро дар худи роҳбарони тим ва усулҳои номуассири кори идории онҳо бояд ҷуст? Суолест, ки посух мехоҳад, аммо масъулони тим ҳозир нестанд, ки ба ин иқрор кунанд.

Тими «Вахш» дар солҳои пеш яке аз дастаҳои пурқуввати Лигаи олии Тоҷикистон маҳсуб меёфт ва ҳама ҳарифон бо ҷиддияти том ба бозӣ бо қӯрғонтеппагиҳо омодагӣ мегирифтанд. «Вахш» як мактаби хуби тарбияи футболбозони моҳир буд, ки даҳҳо парвардаи ин мактаб дар тимҳои қавии дигари дохилу хориҷи мамлакат карйераашонро идома дода, то ба сатҳи бозигари тими мунтахаби Тоҷикистон расидаанд.

Тайи чанд соли охир «Вахш» пайваста зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии кишварро касб мекунанд, ҳатто соҳиби зинаи ифтихорӣ намегардад, ки боиси нороҳатии ҳаводорони бешумори ин даста мегардад.

Роҳбарони даста мегӯянд, ки барои ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардидан сарпарасте лозим аст, то бо маблағгузориаш дастаро аз ин буҳрон берун барорад ва шуҳрати пештараи «Вахш»-ро барқарор намояд.

- Дастаи «Вахш» яке аз дастаҳои пешсафи футболи тоҷик ба ҳисоб меравад, - зикр кард дар суҳбат бо мо сардори дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Ҳикматулло Шамсиддинов. - Имсол «Вахш» бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон аз нав эҳё шуд. Бозигароне, ки пеш дар дигар дастаҳо ҳунарнамоӣ мекарданд, аз қабили Аҳтам Ҳамроқулов, Умедҷон Шарипов, Бахтиёр Қаландаров ба даста баргаштанд ва ҳайати тими мо қавитар шуд.

Ҳ. Шамсиддинов дар рафти суҳбат инчунин таъкид кард, ки имсол дастаи «Вахш» дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор дорад, яъне сарпарас-ти асосӣ надорад. «4 моҳ мешавад, ки на бозигарон ва на ҳайати кормандони тим маош нагирифтаанд. Вақте ки мо бо роҳбарияти ширкати «Ғаюр-семент» дар бораи шартнома бастан вохӯрӣ доштем, дар аввал иброз намуданд, ки буҳрон аст, дар ҳоле, ки ин ширкат Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро сарпарастӣ карданист. Бинобар ин, бо дастаи «Вахш» муҳлати шартномаи сарпарастиро тамдид накарданд», - афзуд Ҳ. Шамсиддинов.

Аз аввали сол то имрӯз ягона дастгири тими футболи «Вахш» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳрдори он Амирулло Асадулло мебошанд. Ба қавли роҳбарони даста, аз ҷониби шаҳрдорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъминоти «Вахш» дар зарфи 5 моҳи гузашта 100 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст. «Аммо ҳаҷми он кумаку дастгирие, ки шаҳрдорӣ ба мо мерасонад, хеле кам аст. Ин маблағ асосан барои роҳхарҷӣ, тамринҳо ва дигар хароҷоти нигоҳдории даста сарф мешавад. Барои маош, ҳавасмандсозии футболбозон пул нест. Бояд илова намоям, ки баъди ишғоли ҷойи сеюм дар Ҷоми ФФТ-2016 барои ҳавасманд намудани бозигарони мо ҶДММ Бозори «Фаровон» ба даста 10 ҳазор сомонӣ ихтисос дод. Бачаҳо тӯли ин моҳҳо маблағи дигаре нагирифтаанд. Дар миёни тимҳои узви ФФТ аз ҳама буҷети камро, ки 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ аст, дастаи «Вахш» дорад ва бо он ҳаҷми сармоягузорие, ки тими мо дорад, мавқеи болотар аз 8-умро дар ҷадвали мусобиқот ишғол кардан мушкил аст», - қайд кард сардори даста.

Новобаста ба мушкилоти ҷойдошта тими футболи «Вахш» дар мусобиқоти имсола хуб ҳунарнамоӣ карда истодааст. Дар ҷадвали Лигаи олӣ «Вахш» бо 10 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор дорад. Роҳбарияти даста бинобар надоштани маблағ ва сарпараст бозигаронеро даъват намудаанд, ки ҳама дастпарварони мактаби «Вахш» ҳастанд ва инак, беш аз 4 моҳ аст, ки бемаош дар майдон бозӣ мекунанду натиҷаҳои хубро ба даст меоранд.

Муддати се соли гузашта дастаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастгирӣ мекард. Ҳамасола то 800 ҳазор сомонӣ барои нигоҳдории даста ҷудо мешуд. Бо ин ҳам «Вахш» бозӣ ва натиҷаҳои барои мухлисонаш дилхоҳро нишон намедод ва дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор мегирифт. Ҳ. Шамсиддинов бо изҳори таассуф мегӯяд, ки шаҳрдорӣ танҳо ҳудуди 30%-и харҷномаи дастаро пардохт менамояд. «Мо аз ҳама моддаҳои харҷӣ қарздор ҳастем. Бинобар ин, барои ба даст овардани медалҳои чемпионати имсола талош намекунем. Ҳадафи имсолаи мо танҳо дар мусобиқоти Лигаи олӣ иштирок кардан аст. Ҳоло орзу дорем, ки даста пароканда нашавад ва то охири сол дар Лигаи олӣ боқӣ монад. Орзуи ягонаи аъзои дастаи мо сарпараст пайдо кардан мебошад», - афзуд Ҳ. Шамсиддинов.

Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ду бозингари ҳайати асосии дастаи «Вахш» ба тими миллии кишвар даъват шуда, рӯзҳои 2 ва 7 июн ба муқобили футболбозони тими Бангладеш хуб ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин се тан аз бозигарони дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ҳайати тими мунтахаби то 19-солаҳои кишвар бозӣ мекунанд. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон низ аксаран аз футболбозони «Вахш» иборат аст.

- Бо вуҷуди ин ҳама, ҳоло даста дар ҳолати парокандагӣ қарор дорад, - мегӯяд сардори даста. – Футболбозон дар майдон бо як ноумедию дилсардӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, ҳатто баъзеҳо аз иштирок дар бозиҳо даст кашиданӣ мешаванд ва бо илтимоси бисёри мо онҳо ба майдон мебароянд. Бозигаронро умедвор мекунем, ки имрӯз нашуд, пагоҳ мумкин аст ёрдам кунанд. Нақшаи асосии дастаи мо дар чемпионат бозӣ кардан ва аз чемпионат хориҷ нашудан аст. Агар ҳамин хел давом кардан гирад, дар даври якум ду бозии дигар дорем, онро анҷом медиҳем ва дар даври дуюм, агар сарпараст наёбем, мумкин аст, сармураббӣ ва бозигарон тарки даста кунанд.

Ҷамолиддин Зардиев, нимҳи-моятгари клуби футболи «Вахш» ва дар гузашта узви тими миллии кишвар, зимни тамоси телефонӣ бо мо тасдиқ кард, ки ӯ ва ҳамдастаҳояш, дар ҳақиқат, аз моҳи январ ба ин сӯ маоши моҳонаашонро дарёфт накардаанд. Маъмурияти клуби «Вахш» дар ин панҷ моҳ бо дарназардошти маблағи ҳавасмандӣ ба ин футболбоз мебоист 13 ҳазор сомонӣ ҳақмузд диҳад. «Азбаски шогирди мактаби «Вахш» ҳастам, омодаам, ки ду бозии дигари даври аввалро ҳам дар ҳайати ин тим анҷом диҳам. Аммо ман оиладор ҳастам ва бояд барои таъминоти иҷтимоии хонаводаи худ маблағ дарёбам. Агар вазъияти клуб беҳтар нашавад ва ҳақмузди моҳонаи моро надиҳанд, ночор тарки даста хоҳам кард», - зикр намуд Ҷ. Зардиев.

Дар маъмурияти даста мегӯянд, ки вазъи молиявии «Вахш» ба он андоза бад аст, ки ҳатто сару либоси бозигаронро бо пули қарз харидаанд. Аз сабаби надоштани маблағ бозигарон дар як рӯз танҳо як соат машқу тамрин менамоянд. Баъзе бозигарони даста дар бозор нишаста савдо мекунанд ва баъзеашон ба мардикорӣ машғуланд, то рӯзашонро пеш баранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои бозингари касбӣ бояд ҳама шароит фароҳам бошад, то ӯ пайваста ба варзиш ва сайқал додани маҳорати касбиаш машғул бошад. Аммо бозигарони дастаи «Вахш» аз надоштани ҷойи хоб, се вақт бо ғизои махсус таъмин набудан, маош, сару либоси варзишӣ ва ҳатто нарасидани тӯб танқисӣ мекашанд. Агар шароити лозим муҳайё бошад, футболбоз фикрашро танҳо ба футбол равона намояду тамрин кунад, натиҷаи хуб ҳам ба даст хоҳад омад.

- Дар соли 2009 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа то 10 ҳазор одам сарҷамъ мешуд, - мегӯяд К. Расул, яке аз мухлисони собиқадори «Вахш». - Дастаро мухлисони бисёре дастгирӣ мекарданд, аз бозиаш ҳаловат мебурданд, зеро дастаи «Вахш» пешсаф буд ва барои чемпион шудан талош мекард. Сарпарасти даста дар он сол ширкати «Исмоили Сомонӣ» буд, бозигарони беҳтарин дар даста ҷамъ омада буданд. Ҳол он ки даста ба сарпараст ниёз дорад, бозии хуб нишон дода наметавонад. Аз ин хотир, шумораи мухлисон ҳам нисбатан кам ба назар мерасанд.

Меҳроб Заурбеков, сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки ояндаи ин даста норавшан аст. Вай бо изҳори таассуф афзуд, ки азбаски пули кофӣ вуҷуд надорад, имсол аз тимҳои дигар бозигарони касбӣ ва бомаҳоратро ҷалб накардаанд.

Аз он сабаб ки аксари бозигарони имрӯзаи «Вахш» сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ҳастанд, имрӯз барои мухлисон ва барои баланд бардоштани обрӯи шаҳру ҳифзи тими замоне овозадори худ бозӣ мекунанд. Аммо ин энержии онҳо то кай давом мекунад, суоли матраҳ аст. Суоли матраҳи дигар ин аст, ки роҳбарияти клуби «Вахш» барои ислоҳи ин вазъи мушкил чӣ иқдомҳо ё барномаҳое рӯйи даст доранд? Чаро проблемаҳои даста тӯли солҳои зиёд идома мекунанд? Магар танҳо бо иваз кардани сармураббиҳо ва бозигарон масъала роҳи ҳал меёбад? Вақти он нарасидааст, ки ба мудирияти клуб менеҷерҳои ҳирфаӣ, кордон ва креативӣ ҷалб шаванд?

Роҳбарияти клуби футболи «Вахш» бояд донанд, ки ҳарчанд сарсупурдагии бозигарон кори хубу шоиста аст, аммо ҳар меҳнат бояд подош дошта бошад. Ҳамин тавр не?!

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Buy Nitrostat Without A Prescription buy claravis accutane Cialis Ohne Rezept cialis price Cialis Discount Card Kamagra Mastercard Levitra Generico Affitto Provera Best Website Propecia Long Term Usage Keflex And Lung Infections levitra cuanto dura en el cuerpo Cheapest Canadian Generic Cialis Tamoxifen Online Australia Generic Viagra American Express Cialis Montreal Kijiji precio levitra 20 mg Amoxicillin Shelf Life Antibiotics Cephalexin 500mg And Bladder Infection Cialis Duree Effet Keflex And Strep Throat paypal kamagra Buy Amoxicillin Capsules In Uk Need Prescription Amoxicillin viagra prescription Pfizer Website Viagra Sales
7 декабр 2016 21:14
Viagra Pfizer Preis lasix ol Amoxicillin Vs Penicillin Toothache Cialis J En Ai Pris Super Cialis On Line Cialis Da Disturbi generic cialis Buy Vigara Online Cytotec Pills Over The Counter fast shipping prednisone Cialis Terapia Propecia Hacer Propecia Scalp Itch Chlymidia And Cephalexin canadian pharmacies that sell clomid Planetdrugs Cephalexin Floxin Buy Online Doxycycline No Prescription Overnight Pharmacy4u Order online pharmacy Buy Prevacid Online Cheap
17 декабр 2016 20:18
They fans but look at you
-----

dumps track 1 and 2 with pin

You are my spirit animal
-----

best cvv site

With an army of butterflies pilloried placid and prone
-----

buy cc online shop

Don't want no pity for me in this filthy ceil
-----

card dumps

Я попроверил ваш сайт, здесь еще много над чем поработать
-----

активатор windows 7 домашняя расширенная
22 декабр 2016 15:14
Xenical 60mg Pc100 Tadalis Sx Soft viagra Propecia Active Ingredients Canadian Drugstore Viagra Cialis In 24 Ore Antibiotics Quick Wothout Prescription viagra online pharmacy Commande Viagra Viagra Libido Does Cephalexin Contain Penicillin generic cialis Cialis 4 Pastillas Generic Levitra In Canada Lower Back Pain Treated With Amoxicillin priligy et alcool Propecia Pain Amoxil Junior Where Do Ibuy Clomid Online With Viagra Vardenafil In Г¶sterreich Erhг¤ltlich Bestellen Viagra Online generique viagra pas cher Prezzo Cialis 10
24 декабр 2016 21:13
Выводы всего сказанного делайте сами

----------
скачать активатор windows 7 через торрент
4 январ 2017 02:43

Матолиби дигар:

«Вахш» ниҳоят сарпараст ёфт

«Вахш» ниҳоят сарпараст ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Вахш» сарпараст меҷӯяд

«Вахш» сарпараст меҷӯяд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

"Равшан"-и Кӯлоб сарпараст ёфт, "Вахш"-и Қӯрғонтеппа чӣ?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

Ҷавонон ва варзиш, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД